Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ СЕЮМ Умед бастан ба мадади Худо.

1 Таронаи Довуд, вақте ки аз писари худ Абшолӯм гурехт.

2 Худовандо! Адуёнам чӣ қадар зиёд шудаанд! Бисьёр касон бар зидди ман қиём мекунанд;

3 Бисьёр касон дар ҳаққи ман мегӯянд: «Ӯро дар Худо наҷот нест». Село.

4 Валекин Ту, эй Худованд, сипаре дар гирди ман, ҷалоли ман ва афрозандаи сари ман ҳастӣ.

5 Овозам Худовандро мехонад, ва Ӯ аз кӯҳи муқаддаси Худ маро иҷобат менамояд. Село.

6 Ман дароз мекашам, хоб меравам ва мехезам, зеро ки Худованд ба ман мадад мекунад.

7 Аз беварҳои мардум, ки маро муҳосира кардаанд, наметарсам.

8 Бархез, эй Худованд! Маро наҷот дех, эй Худои ман! Зеро ки Ту ҳамаи душманонамро торсакӣ мезанӣ, дандонҳои шариронро мешиканӣ.

9 Наҷот аз Худованд аст. Баракати Ту бар қавми Туст. Село.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan