Забур 29 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ БИСТУ НӮҲУМ Шукрона барои наҷот додани ҳаёт. 1 Таронаи Довуд; суруди тақдиси хона. 2 Туро, эй Худованд, такбир менамоям, зеро ки маро раҳо кардӣ, ва душманонамро бар ман шодком нагардондӣ. 3 Худовандо, Худои ман! Сӯи Ту истиғоса бурдам, ва маро шифо додӣ. 4 Худовандо! Ҷонамро аз дӯзах баровардӣ, маро зинда кардӣ, то ки ба қабр фурӯд наоям. 5 Худовандро бисароед, эй порсоёни Ӯ, ва зикри қудсияти Ӯро ҳамд гӯед, 6 Зеро ки ғазаби Ӯ як лаҳза аст, ва ҳусни таваҷҷӯҳи Ӯ дар зарфи як зиндагонӣ: бегоҳӣ гирья маскан мегирад, валекин пагоҳӣ — шодмонӣ. 7 Ва ман дар некрӯзии худ мегуфтам: «Ҳаргиз фурӯ нахоҳам ғалтид». 8 Худовандо! Бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ кӯҳи маро қувват бахшидӣ, аммо чун рӯи Худро пинҳон кардӣ, ҳаросон шудам. 9 Сӯи Ту, эй Худованд, мехонам, ва пеши Худованди худ зорӣ мекунам. 10 Аз хуни ман чӣ фоида, вақте ки ба гӯр фурӯд оям? Оё хок Туро шукрона мегӯяд? Оё ростии Туро ба забон меоварад? 11 Бишнав, эй Худованд, ва ба ман марҳамат намо. Худовандо! Мададгори ман бош. 12 Мотамамро барои ман ба рақс мубаддал кардаӣ, палосамро кашида, камарамро ба шодӣ бастаӣ, 13 То ки нафсам Туро бисарояд ва хомӯш нашавад. Худовандо, Худои ман! Туро ҳамд хоҳам гуфт то абад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden