Забур 28 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ БИСТУ ҲАШТУМ Кибриёи Худо дар раъду барқ аст. 1 Таронаи Довуд. Худовандро васф гӯед, эй фарзандони Худо! Дар шаъни Худованд васфи ҷалол ва қувватро бигӯед. 2 Дар шаъни Худованд васфи ҷалоли исми Ӯро бигӯед; ба Худованд дар шавкати қудсият саҷда кунед. 3 Овози Худованд бар обҳост; Худои ҷалол гулдуррос мезанад; Худованд болои обҳои бисьёр аст. 4 Овози Худованд пурқувват аст; овози Худованд пуршукӯҳ аст. 5 Овози Худованд арзҳоро мешиканад; Худованд арзҳои Лубнонро мешиканад; 6 Ва онҳоро мисли гӯсолае мерақсонад; Лубнон ва Сирюнро мисли бачаи гови ваҳшӣ. 7 Овози Худованд забонаҳои оташро чақмоқ мезанонад. 8 Овози Худованд биёбонро меларзонад; Худованд биёбони Қодешро меларзонад. 9 Овози Худованд оҳуёнро ба дарди зоиш меандозад, ва ҷангалҳоро бараҳна мекунад; ва дар қасри Ӯ ҳама ҷалолро ба забон меоваранд. 10 Худованд бар тӯфон нишаста буд; ва Худованд бар тахти подшоҳӣ хоҳад нишаст то абад. 11 Худованд қавми Худро қувват хоҳад бахшид; Худованд ба қавми Худ дар роҳи сулҳу осоиштагӣ баракат хоҳад хост. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden