Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 27 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ БИСТУ ҲАФТУМ Дуо дар бораи мадади Худо ва шукрона барои марҳамати Ӯ.

1 Таронаи Довуд. Сӯи Ту, эй Худованд, мехонам. Эй кӯҳпораи ман, аз пешам хомӯш нагузар: мабодо аз пешам хомӯш гузарӣ, ва ман мисли фурӯравандагони гӯр гардам.

2 Овози зориҳои маро бишнав, вақте ки сӯи Ту истиғоса мебарам ва дастҳои худро сӯи ҳарами муқаддаси Ту мебардорам.

3 Маро бо шарирон ва бадкирдорон маҳв накун, ки бо ёронашон дар бораи сулҳу осоиштагӣ сухан меронанд, вале бадӣ дар дил доранд.

4 Ба онҳо мувофиқи корҳошон, мувофиқи кирдорҳои бадашон мукофот деҳ; мувофиқи аъмоли дастҳошон ба онҳо подош деҳ; сазояшонро ба онҳо баргардон.

5 Азбаски ба корномаҳои Худо ва ба аъмоли дастҳои Ӯ диққат намедиҳанд, онҳоро хароб хоҳад кард ва бино нахоҳад намуд.

6 Худованд муборак аст, зеро ки овози зориҳои маро шунидааст.

7 Худованд қуввати ман ва сипари ман аст; дилам ба Ӯ таваккал намуд, ва ман мадад ёфтам, ва дилам шод шуд, ва Ӯро бо суруди худ ҳамд хоҳам гуфт.

8 Худованд қуввати қавми Худ ва истеҳқоми наҷоти масеҳи Худ мебошад.

9 Қавми Худро наҷот деҳ ва мероси Худро баракат фармо; онҳоро чӯпонӣ бикун ва барафроз то абад!

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan