Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 26 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ БИСТУ ШАШУМ Умедворони Худованд аз душманон наметарсанд.

1 Таронаи Довуд. Худованд нури ман ва наҷоти ман аст: аз кӣ тарсон бошам? Худованд истеҳкоми ҷони ман аст: аз кӣ ҳаросон бошам?

2 Вақте ки бадкешон ба ман наздик шуданд, то ки гӯшти маро бихӯранд, адуёнам ва душманонам худашон ноком шуда, афтоданд.

3 Агар дар муҳосираи душман бимонам, дилам нахоҳад тарсид; агар бар зидди ман корзор барпо шавад, дар он сурат низ таваккал хоҳам кард.

4 Як чизро аз Худованд пурсидаам, ва онро хоҳам талабид, ки тамоми айёми умри худ дар хонаи Худованд сокин бошам, шавкати Худовандро мушоҳида намоям ва дар қасри Ӯ назорат кунам;

5 Зеро ки маро дар рӯзи тира дар хаймаи Худ пинҳон хоҳад дошт, дар паноҳи хиргоҳи Худ руст хоҳад кард, бар кӯҳпора баланд хоҳад бардошт.

6 Ва алҳол сарам бар душманонам, ки гирди маро гирифтаанд, баланд хоҳад шуд, ва дар хаймаи Ӯ қурбониҳои шодиёна хоҳам овард, дар шаъни Худованд суруд хоҳам хонд ва Ӯро хоҳам сароид.

7 Худовандо! Маро, ки бо овози худ мехонам, бишнав, ва ба ман марҳамат намо ва маро иҷобат бикун.

8 Дилам аз ҷониби Ту мегӯяд: «Ҷӯёи рӯи Ман бошед»; ва ман, эй Худованд, ҷӯёи рӯи Ту хоҳам буд.

9 Рӯи Худро аз ман пинҳон надор; бандаи Худро дар ғазабат напартой; Ту мададгори ман будӣ; маро рад накун ва тарк накун, эй Худои наҷоти ман!

10 Зеро ки падару модарам маро тарк кардаанд, вале Худованд маро пазироӣ менамояд.

11 Тариқи Худро, эй Худованд, ба ман таълим деҳ, ва маро, бар хилофи иродаи бадхоҳонам, ба роҳи рост андоз.

12 Маро ба дасти адуёнам насупор, зеро ки шоҳидони козиб ва бадхоҳон бар ман қиём кардаанд.

13 Лекин эътиқод доштам, ки лутфи Худовандро дар замини зиндаҳо хоҳам дид.

14 Ба Худованд умедвор бош, матин бош, ва дилат қавӣ хоҳад шуд; ба Худованд умедвор бош.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan