Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 25 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ БИСТУ ПАНҶУМ Дуо дар бораи наҷот додани бегуноҳон.

1 Таронаи Довуд. Маро дар доварӣ ҳимоят намо, эй Худованд, зеро ки ман дар беайбии худ рафтор кардаам, ва ба Худованд таваккал намудаам, пас пешпо нахоҳам хӯрд.

2 Маро имтиҳон намо, эй Худованд, ва маро биозмой; ботинам ва диламро бигудоз;

3 Зеро ки эҳсони Ту пеши назари ман аст, ва дар ростии Ту рафтор кардаам;

4 Бо мардуми каҷрафтор нанишастаам, ва бо риёкорон нахоҳам рафт;

5 Аз ҷамоати бадкешон нафрат дорам, ва бо шарирон нахоҳам нишаст;

6 Кафҳоямро ба покӣ хоҳам шуст, ва гирди қурбонгоҳи Ту, эй Худованд, хоҳам гашт,

7 То ки овози шукронаи худро бишнавонам, ва ҳамаи корҳои аҷоиби Туро нақл намоям.

8 Худовандо! Макони хонаи Туро дӯст медорам, ва мақоми маскани ҷалоли Туро.

9 Ҷонамро бо хатокорон ва ҳаётамро бо хунхӯрон нобуд накун,

10 Ки дар дастҳошон фисқу фуҷур аст, ва яминашон пур аз ришва.

11 Валекин ман дар беайбии худ рафтор мекунам; маро раҳоӣ деҳ ва ба ман марҳамат намо.

12 Поям дар ҷои ҳамвор истодааст; дар ҷамъомадҳо Худовандро муборак хоҳам хонд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan