Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 24 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ БИСТУ ЧОРУМ Дуо дар бораи роҳҳои ростии Худо ва дар бораи марҳамат ба баргузидагон.

1 Таронаи Довуд. Сӯи Ту, эй Худованд, ҷонамро баланд мекунам.

2 Эй Худои ман! Ба Ту таваккал кардаам, хиҷил нахоҳам шуд, душманонам бар ман тантана нахоҳанд кард;

3 Ҳамаи умедворони Ту низ хиҷил нахоҳанд шуд; онҳое ки бесабаб хиёнат мекунанд, хиҷил хоҳанд шуд.

4 Роҳҳои Худро, эй Худованд, ба ман маълум намо, тариқҳои Худро ба ман таълим деҳ.

5 Ба ростии Худ маро ҳидоят намо, ва маро таълим деҳ, зеро ки Ту Худои наҷоти ман ҳастӣ; ҳар рӯз ба Ту умедворам.

6 Худовандо! Марҳаматҳо ва эҳсонҳои Худро ба ёд ор, зеро ки онҳо аз азал буданд.

7 Хатоҳои ҷавонӣ ва ҷиноятҳои маро ба ёд наор; аз рӯи эҳсони Худ Ту маро ёд кун, ба хотири меҳрубонии Худ, эй Худованд!

8 Худованд некӯ ва росткор аст, бинобар ин ба хатокорон роҳ нишон медиҳад,

9 Ҳалимонро ба роҳи инсоф меандозад, ва ба ҳалимон тариқи Худро таълим медиҳад.

10 Ҳамаи роҳҳои Худованд марҳамат ва ростист, барои онҳое ки аҳди Ӯ ва шаҳодоти Ӯро риоя мекунанд.

11 Ба хотири исми Худ, эй Худованд, гуноҳи маро биомурз, гарчанде ки бузург аст.

12 Кист он касе ки аз Худованд метарсад? Варо ӯ ба роҳе ки интихоб намудааст, ҳидоят хоҳад кард.

13 Ҷони вай дар некӣ сокин хоҳад шуд, ва зурьёти вай вориси замин хоҳанд буд.

14 Сирри Худованд бо тарсгорони Ӯст, ва аҳди Худро ба онҳо маълум мекунад.

15 Чашмонам ҳамеша сӯи Худованд аст, зеро ки Ӯ пойҳои маро аз дом берун меоварад.

16 Ба ман лутф намо, ва ба ман марҳамат намо, зеро ки танҳо ва мискин ҳастам.

17 Ғуссаҳои дилам афзудааст; маро аз мусибатҳоям берун ор;

18 Ба мискинӣ ва азоби ман назар кун, ва ҳамаи хатоҳоямро биомурз.

19 Ба душманонам назар андоз, ки чӣ қадар бисьёр шудаанд, ва чӣ гуна кинаи шадиде ба ман меварзанд.

20 Ҷонамро муҳофизат намо, ва маро халосӣ деҳ, то хиҷил нашавам, зеро ки ба Ту паноҳ бурдаам.

21 Бигзор беайбӣ ва росткорӣ нигаҳбони ман бошанд, зеро ки ба Ту умед мебандам.

22 Исроилро, эй Худованд, аз ҳамаи тангиҳои вай раҳоӣ деҳ.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan