Забур 23 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ БИСТУ СЕЮМ Тамоми дуньё аз они Худованд аст. 1 Таронаи Довуд. Замин ва ҳар чӣ дар он аст, дуньё ва сокинони он аз они Худованд аст; 2 Зеро ки Ӯ онро бар баҳрҳо буньёд кардааст ва бар дарьёҳо барқарор намудааст. 3 Кист, ки ба кӯҳи Худованд барояд, ва кист, ки дар мақоми муқаддаси Ӯ биистад? 4 Каси покизадаст ва покдил, ки ҷонаш ба орзуҳои беҳуда нигаронида нашуда бошад, ва қасами дурӯғ нахӯрда бошад, — 5 Баракат аз Худованд ва хайр аз Худои наҷотдиҳандаи худ хоҳад ёфт. 6 Ин аст насли толибони Ӯ, толибони рӯи Ту, эй Худои Яъқуб! Село. 7 Эй дарвозаҳо, сарҳои худро баланд кунед! Ва эй дарҳои қадим, бардошта шавед! Подшоҳи ҷалол меояд! 8 Кист ин Подшоҳи ҷалол? — Худованди қодир ва ҷаббор, Худованде ки дар ҷанг ҷаббор аст. 9 Эй дарвозаҳо, сарҳои худро баланд кунед! Ва эй дарҳои қадим, бардошта шавед! Подшоҳи ҷалол меояд! 10 Кист Ӯ, ин Подшоҳи ҷалол? — Худованди лашкарҳост, ки Ӯ Подшоҳи ҷалол аст. Село. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden