Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 22 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ БИСТУ ДУЮМ Файзи Худо ва марҳамат ҳамеша ҳамроҳи баргузидагон мебошад.

1 Таронаи Довуд. Худованд Чӯпони ман аст: ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳам шуд.

2 Дар чарогоҳҳои сералаф маро мехобонад, сӯи обҳои роҳатафзо маро мебарад,

3 Ҷонамро қувват мебахшад, ба хотири исми Худ маро ба роҳҳои адолат равона мекунад.

4 Дар водии зулмот роҳ равам ҳам, аз бадӣ наметарсам, чунки Ту бо ман ҳастӣ; асо ва чӯбдасти Ту маро тасаллӣ медиҳад.

5 Суфрае барои ман пеши назари хасмҳоям андохтаӣ, бо равған сарамро тадҳин намудаӣ; косаи ман лабрез аст.

6 Пас, некӯӣ ва эҳсон тамоми айёми умрам бо ман ҳамроҳӣ хоҳанд кард, ва ман муддати дуру дароз дар хонаи Худованд сокин хоҳам буд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan