Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 21 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ БИСТУ ЯКУМ Таронаи пайғамбаронаи Довуд дар бораи азобу уқубати Исо, ҷалоли Ӯ ва дар бораи хизмати абадии баргузидагон барои Ӯ.

1 Барои сардори муғанниён. Дар шаъни шафақи субҳ. Таронаи Довуд.

2 Худои ман! Худои ман! Чаро маро тарк кардаӣ? Аз наҷотам ва аз суханони фиғонам дур ҳастӣ.

3 Эй Худои ман! Рӯзона мехонам, ва маро иҷобат намекунӣ, шабона низ, ва маро оромӣ нест.

4 Вале Ту, эй Қуддус, бар ҳамду саноҳои Исроил нишастаӣ.

5 Падарони мо ба Ту таваккал мекарданд; таваккал мекарданд, ва онҳоро раҳоӣ медодӣ;

6 Сӯи Ту фарьёд мекашиданд ва халосӣ меёфтанд; ба Ту таваккал мекарданд ва хиҷил намешуданд.

7 Валекин ман кирм ҳастам, ва на одамизод; нанги мардумон ҳастам ва нафратзадаи қавм.

8 Ҳар кӣ маро бинад, тамасхур мекунад; лаб мекушоянд, сар меҷунбонанд:

9 «Ба Худованд таваккал карда буд, ӯро раҳо кунад; агар дилхоҳаш бошад, ӯро наҷот диҳад».

10 Аммо Ту маро аз шикам берун овардаӣ, бар пистони модарам эмин доштаӣ.

11 Аз батн бар Ту партофта шудаам; аз шиками модарам Ту Худои ман ҳастӣ.

12 Аз ман дур набош, зеро ки тангӣ наздик аст, ва мададгоре нест.

13 Говони бисьёре маро иҳота кардаанд, говмешони Бошон даври маро гирифтаанд,

14 Даҳони худро бар ман воз кардаанд, мисли шере ки медарад ва наъра мезанад.

15 Мисли об пош хӯрдаам; ҳамаи устухонҳоям аз ҳам ҷудо шудааст; дилам чун мум гардида, андаруни амъоям гудохта шудааст.

16 Қувватам мисли сафол хушкидааст, забонам ба комам часпидааст, ва маро бар хоки мамот ниҳодаӣ.

17 Зеро ки сагон маро иҳота кардаанд; тӯдаи бадкешон гирди маро ҳамчун шере гирифта, дастҳо ва пойҳоямро маҷрӯҳ карданд.

18 Ҳамаи устухонҳоямро мешуморам, лекин онҳо тамошокунон аз ман ниқор мегиранд.

19 Сару либоси маро дар миёни худ тақсим мекунанд ва бар пероҳани ман қуръа мепартоянд.

20 Валекин Ту, эй Худованд, дур набош. Эй қуввати ман, ба мадади ман шитоб кун.

21 Ҷонамро аз шамшер халос кун, ягонаамро аз дасти сагон.

22 Маро аз даҳони шер наҷот деҳ, ва иҷобат намуда, аз шохҳои говони ваҳшӣ халос кун.

23 Исми Туро ба бародаронам шӯҳрат хоҳам дод, дар миёни ҷамоат Туро мадҳ хоҳам кард.

24 Эй тарсгорони Худо, Ӯро мадҳ кунед! Эй тамоми насли Яъқуб, Ӯро ҷалол диҳед! Ва эй тамоми насли Исроил, аз Ӯ тарсон бошед!

25 Зеро ки Ӯ мазлумияти камбағалро ҳақир ва хор намешуморад, ва рӯи Худро аз вай пинҳон надошт, балки, чун сӯи Ӯ истиғоса бурд, варо иҷобат намуд.

26 Ҳамду санои ман дар ҷамоати бузург аз Туст. Назрҳоямро пеши тарсгорони Ӯ адо хоҳам кард.

27 Бигзор ҳалимон бихӯранду сер шаванд; толибони Худованд Ӯро мадҳ кунанд; дилҳои шумо то абад зинда бод.

28 Тамоми ақсои замин Худовандро зикр намуда, сӯи Ӯ руҷӯъ хоҳанд кард, ва ҳамаи қабилаҳои халқҳо пеши Ту саҷда хоҳанд кард,

29 Зеро ки салтанат аз они Худованд аст, ва Ӯ бар халқҳо ҳукмфармост.

30 Ҳамаи танумандони замин хӯрда, саҷда хоҳанд кард; ҳар кӣ ба хок мефурояд ва ҷони худро зинда карда наметавонад, пеши Ӯ зону хоҳад зад.

31 Зурьёташон Ӯро ибодат хоҳанд намуд, корномаҳои Худовандро ба насли баъдина ривоят хоҳанд кард;

32 Онҳо омада, адолати Ӯро, ки ба амал овардааст, ба қавме ки таваллуд хоҳад шуд, нақл хоҳанд кард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan