Забур 20 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ БИСТУМ Дуои шукрона барои наҷот. 1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. 2 Худовандо, аз қуввати Ту подшоҳ хурсандӣ мекунад, ва аз наҷоти Ту бисьёр шод мешавад. 3 Муроди дилашро ба ӯ ато фармудаӣ, ва талабҳои лабонашро рад накардаӣ. Село. 4 Зеро ки ӯро бо баракатҳои хайрхоҳӣ пешвоз гирифтаӣ, тоҷе аз зари холис бар сари ӯ гузоштаӣ. 5 Аз Ту ҳаёт пурсид, ба ӯ умри дароз бахшидаӣ то абад. 6 Ҷалоли ӯ дар наҷоти Ту бузург аст; шукӯҳ ва шавкат бар ӯ овардаӣ. 7 Зеро ки баракатҳо то абад бар ӯ ниҳодаӣ, бо шодии рӯи Худ ӯро шод кардаӣ; 8 Зеро ки подшоҳ ба Худованд таваккал мекунад, ва бо эҳсони Ҳаққи Таоло фурӯ нахоҳад ғалтид. 9 Дасти Ту ҳамаи душманонатро хоҳад ёфт, ямини Ту бадхоҳонатро хоҳад ёфт. 10 Дар вақти хашми Худ онҳоро мисли танӯри оташ хоҳӣ кард; Худованд дар ғазаби Худ онҳоро фурӯ хоҳад бурд, ва оташ онҳоро хоҳад хӯрд. 11 Самари онҳоро аз замин маҳв хоҳӣ кард, ва зурьёти онҳоро аз миёни банӣ‐одам. 12 Вақте ки онҳо қасди бадӣ бар Ту карданд, ва дасисаҳо андешиданд, онро натавонистанд ба амал оваранд. 13 Онҳоро водор хоҳӣ кард, ки пушт гардонанд; зеҳҳои камони Худро ба рӯи онҳо хоҳӣ кашид. 14 Дар қуввати Худ, эй Худованд, сарафроз бош: қудрати Туро тараннум хоҳем кард ва хоҳем сароид. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden