Забур 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ДУЮМ Нубувват дар бораи малакути Писари Худо. 1 Чаро халқҳо ба шӯр меоянд, ва қабилаҳо беҳуда қасд мекунанд? 2 Подшоҳони замин қиём мекунанд, ва мирон бо ҳам машварат менамоянд бар зидди Худованд ва бар зидди Масеҳи Ӯ: 3 «Бандҳои онҳоро қатъ хоҳем кард, ва завлонаҳои онҳоро аз худ дур хоҳем андохт». 4 Он ки дар осмон нишастааст, механдад: Худованд онҳоро тамасхур менамояд. 5 Он гоҳ дар хашми Худ ба онҳо сухан меронад, ва бо ғазаби Худ онҳоро ба ҳарос меандозад: 6 «Валекин Ман подшоҳи Худро бар Сион, кӯҳи муқаддаси Худ, таъин кардаам». 7 Амри Худовандро баён мекунам. Ӯ ба Ман гуфт: «Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз Падари Ту шудаам. 8 Аз Ман талаб намо, ва қавмҳоро ба мероси Ту, ва ақсои заминро ба тасарруфи Ту хоҳам дод. 9 Онҳоро бо асои оҳанин шикаст хоҳӣ дод; мисли кӯзаи кулол пора‐пора хоҳӣ кард». 10 Пас, эй подшоҳон, ба ақл оед; эй доварони замин, таълим гиред! 11 Худовандро бо тарс ибодат намоед, ва бо ларз шодӣ кунед. 12 Писарро иззат кунед, ки мабодо ба ғазаб ояд, ва шумо дар роҳ нобуд шавед; зеро ки ғазаби Ӯ зуд аланга хоҳад гирифт. Хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden