Забур 19 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ НУЗДАҲУМ Дуо дар бораи баракат. 1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. 2 Бигзор туро Худованд дар рӯзи тангӣ иҷобат намояд, исми Худои Яъқуб паноҳгоҳи ту бошад; 3 Аз қудс ба ту мадад фиристад, ва аз Сион ба ту ёварӣ намояд; 4 Ҳамаи ҳадияҳои туро ба ёд оварад, ва қурбонии сӯхтании туро бо ризомандӣ қабул кунад. Село. 5 Бигзор муроди дилатро ба ту ато фармояд, ва ҳамаи нақшаҳоятро ба иҷро расонад. 6 Ба наҷоти ту тараннум менамоем, ва ба исми Худои худ байрақ мебардорем. Худованд ҳамаи талабҳоятро ба иҷро расонад. 7 Ҳоло донистаам, ки Худованд масеҳи Худро наҷот медиҳад; аз афлоки қудси Худ бо қудрати наҷотбахши ямини Худ ӯро иҷобат менамояд. 8 Баъзеҳо аробаҳоро ва баъзеҳо аспҳоро, вале мо исми Худованд Худои худро зикр менамоем; 9 Онҳо мағлуб шуда, афтодаанд, вале мо бархоста, рост истодаем. 10 Худовандо! Подшоҳро наҷот деҳ, ва дар рӯзе ки бихонем, моро иҷобат намо. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden