Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 18 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ҲАЖДАҲУМ Тамоми дуньё ҷалол, кибриё ва адолати Худоро эълон менамояд.

1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.

2 Осмонҳо ҷалоли Худоро эълон мекунанд, ва фалак аз амали дастҳои Ӯ хабар медиҳад.

3 Рӯз бо рӯз сухан мегӯяд, ва шаб бо шаб фикр изҳор мекунад.

4 На гуфтор аст, на сухан; овози онҳо ба гӯш намерасад.

5 Садои онҳо ба тамоми замин меравад, ва каломи онҳо то ақсои дуньё. Дар онҳо Ӯ барои офтоб хаймае барпо намудааст,

6 Ва он мисли домод аз ҳаҷлаи худ берун меояд, мисли паҳлавон аз тай кардани роҳаш шод мешавад:

7 Баромадани он аз як канори осмон аст, ва гардиши он то канори дигар аст, ва ҳеҷ чиз аз гармии он пинҳон нест.

8 Тавроти Худованд комил аст, ба кас ҷон мебахшад; шаҳодати Худованд боэътимод аст, нодонро доно мегардонад.

9 Фармудҳои Худованд ҳақ аст, дилро шод мекунад; аҳкоми Худованд равшан аст, чашмро мунаввар месозад.

10 Тарси Худованд пок аст, то абад мемонад. Дастурҳои Худованд рост аст, ҳамааш ҳаққонист;

11 Аз тилло ва аз зари холиси бисьёр марғубтар аст, ва аз асал ва қатраҳои шираи орухона ширинтар аст.

12 Бандаи Ту низ дар онҳо эҳтиёт мешавад: дар риояи онҳо подоши бузурге ҳаст.

13 Кист, ки саҳвҳоро фаҳмида тавонад? Маро аз хатоҳои пӯшидаам пок намо,

14 Аз бадқасдон низ бандаи Худро нигоҳ дор, то ки бар ман ҳукмфармо нашаванд. Он гоҳ ман беайб ва аз ҷинояти азим пок хоҳам буд.

15 Бигзор суханони даҳонам ва андешаи дилам писандидаи Ту бошад, эй Худованд, ки кӯҳпораи ман ва раҳокунандаи ман ҳастӣ!

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan