Забур 17 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ҲАФДАҲУМ Суруди ҳамду сано дар шаъни Худо, ки Наҷотдиҳанда аз ҳамаи душманон мебошад. 1 Барои сардори муғанниён. Суруди бандаи Худованд Довуд, ки суханони ин сурудро ба Худованд гуфт, дар рӯзе ки Худованд ӯро аз панҷаи ҳамаи душманонаш ва аз дасти Шоул халос кард. Ва ӯ гуфт: 2 Туро, эй Худованд, эй қуввати ман, дӯст медорам! 3 Худованд сахраи ман аст, ва қалъаи ман, ва раҳокунандаи ман; Худои ман кӯҳпораи ман аст; ба Ӯ паноҳ мебарам; Ӯ сипари ман аст, ва шохи наҷоти ман, ва паноҳгоҳи ман. 4 Худовандро мамдӯҳ хоҳам хонд, ва аз душманонам наҷот хоҳам ёфт. 5 Камандҳои мамот бар ман печида буд, ва селобҳои мӯҳлик маро ба ҳарос андохта буд; 6 Азобҳои гӯр маро иҳота карда буд, домҳои мамот пеши роҳи маро гирифта буд. 7 Дар тангии худ Худовандро хондам, ва ба Худои худ истиғоса бурдам. Овозамро аз қасри Худ шунид, ва истиғосае ки пеши Ӯ бурдам, ба гӯшаш расид. 8 Ва замин ба зилзила ва раъша омад, ва пояҳои кӯҳҳо биларзид ва биҷунбид, зеро ки Ӯ дарғазаб шуд; 9 Аз димоғи Ӯ дуд баромад, ва аз даҳонаш оташи оламсӯз; ахгарҳои сӯзон аз Ӯ пайдо шуд. 10 Ва осмонро хамонида, нузул кард, ва абри сиёҳ зери пойҳои Ӯ буд. 11 Ва бар каррубӣ савор шуда, парид, ва бар болҳои бод парвоз кард. 12 Торикиро пардаи Худ, хаймаи гирдогирди Худ бисохт, ки торикии обҳо ва абрҳои осмон буд. 13 Аз дурахшонӣ пеши Ӯ абрҳояш мешитофтанд, бо жола ва ахгарҳои оташ. 14 Ва Худованд дар осмон гулдуррос зад, ва Ҳаққи Таоло овози Худро бидод, бо жола ва ахгарҳои оташ. 15 Ва тирҳои Худро фиристода, онҳоро пароканда намуд, ва барқҳо андохта, онҳоро ҳаросон кард. 16 Ва маҷроҳои об намудор шуд, ва пояҳои дуньё аз итоби Ту, эй Худованд, аз вазиши боди димоғи Ту ошкор гардид. 17 Аз афроз дасти ёрӣ дароз карда, маро баргирифт, аз обҳои бисьёр маро берун кашид; 18 Аз душмани пурзӯрам ва аз бадхоҳонам, ки аз ман тавонотар буданд, маро халос кард. 19 Дар рӯзи мусибатам бар ман пешдастӣ карданд, валекин Худованд муттакои ман буд. 20 Ва маро ба вусъатобод баровард, маро раҳо кард, зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ӯ бар ман аст. 21 Худованд аз рӯи адолатам маро мукофот кард, мувофиқи покии дастҳоям ба ман подош дод, 22 Зеро ки роҳҳои Худовандро нигоҳ доштаам, ва аз пеши Худои худ ба шарорат дода нашудаам; 23 Зеро ки ҳамаи дастурҳои Ӯ пеши назари ман аст, ва фароизи Ӯро аз худам дур накардаам. 24 Ва пеши Ӯ беайб будам, ва ҳазар менамудам, ки гуноҳе накунам. 25 Ва Худованд аз рӯи адолатам, мувофиқи покии дастҳоям пеши чашмони Ӯ, ба ман подош дод. 26 Бо некӯкор Ту некӯкорона рафтор мекунӣ, бо марди ростдил ростдилона, 27 Бо покдил — покдилона ва бо каҷрав — каҷравона. 28 Зеро ки Ту мардуми ҳалимро наҷот медиҳӣ, ва чашмони ҳавобаландро паст мекунӣ. 29 Зеро ки Ту, эй Худованд, чароғи маро дармегиронӣ: Худои ман торикии маро равшан мекунад; 30 Зеро ки бо Ту ба қӯшуне тохт меоварам, ва бо Худои худ аз ҳисорҳо ҷаста мегузарам. 31 Тариқи Худо комил аст, сухани Худованд покиза аст; Ӯ барои ҳамаи паноҳбарони Худ сипар аст. 32 Зеро кист Худо, ҷуз аз Худованд? Ва кист кӯҳпора, ғайр аз Худои мо? 33 Худо камари маро бақувват мебандад, ва роҳи маро рост мегардонад. 34 Пойҳои маро мисли оҳувон мегардонад, ва бар баландиҳоям маро ба по мехезонад; 35 Дастҳои маро ҷанг меомӯзад, ва бозувонам камони мисинро ӯҳда карда метавонад. 36 Ва сипари наҷоти Худро ба ман ато фармудаӣ, ва ямини Ту маро дастгирӣ мекунад, ва ҳилми Ту маро бузург мегардонад. 37 Қадами маро зери ман вусъат медиҳӣ, ва пойҳоям намелағҷад. 38 Душманонамро таъқиб менамоям ва ба онҳо рафта мерасам, ва то онҳоро маҳв накунам, барнамегардам; 39 Онҳоро зада пахш мекунам, ва онҳо хеста наметавонанд; зери пойҳои ман меафтанд; 40 Зеро ки камари маро барои ҳарбу зарб бақувват бастаӣ, ва мухолифонамро зери поям андохтаӣ. 41 Душманонамро дар гурез андохтаӣ, ва ман бадхоҳонамро маҳв мекунам: 42 Онҳо истиғоса мебаранд, валекин наҷотдиҳандае нест; Худовандро мехонанд, аммо Ӯ онҳоро иҷобат намекунад; 43 Онҳоро чун ғуборе пеши бод соида пош медиҳам, чун лои кӯчаҳо онҳоро поймол мекунам. 44 Маро аз ҷангу ҷидоли қавм раҳо кардаӣ, сари халқҳо гардондаӣ; қавме ки намешинохтамаш, ба ман хизмат мекунад; 45 Фақат овозаи маро шунида, ба ман тобеъ мешаванд; аҳли ғайр ба ман тамаллуқ мегӯянд; 46 Аҳли ғайр пажмурдаҳол мешаванд ва аз истеҳкомоти худ бо тарсу ларз мебароянд. 47 Худованд Ҳай аст, ва кӯҳпораи ман муборак аст, ва Худои наҷоти ман сарафроз бод, — 48 Худое ки интиқоми маро мегирад ва қавмҳоро зердасти ман мегардонад. 49 Маро аз душманонам раҳо кардаӣ, аз мухолифонам баланд бардоштаӣ, аз золим халосӣ додаӣ. 50 Бинобар ин Туро, эй Худованд, дар миёни халқҳо ҳамду сано хоҳам гуфт ва исми Туро хоҳам сароид. 51 Ӯ ба подшоҳи Худ зафарҳои бузурге мебахшад, ва ба масеҳи Худ эҳсон мекунад, яъне ба Довуд ва ба зурьёти вай то абад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden