Забур 16 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ ШОНЗДАҲУМ Дуо дар бораи халосӣ додан аз душманон. 1 Дуои Довуд. Эй Худованд, адолатро бишнав, тазаррӯи маро иҷобат намо, ба дуои ман, ки аз лабони бемакр берун меояд, гӯш андоз. 2 Бигзор ҳукмномаи ман аз ҳузури Ту барояд: чашмони Ту ростбин аст. 3 Диламро имтиҳон кардӣ, шабона тафаққуд намудӣ, маро озмудӣ, ва чизе наёфтӣ: андешаи баде надорам, ки ба забон оварда натавонам. 4 Дар амалиёти инсонӣ, мувофиқи каломи лабони Ту, худро аз роҳҳои золим нигоҳ доштам. 5 Қадамҳоямро дар роҳҳои Худ қоим гардон, то ки пойҳоям налағҷад. 6 Ман Туро мехонам, зеро ки Ту, эй Худо, маро иҷобат менамоӣ; гӯши Худро сӯи ман хам намо ва суханамро бишнав. 7 Эҳсонҳои аҷоиби Худро бинамо, эй Наҷотдиҳандаи паноҳбарон аз онҳое ки бар зидди ямини Ту қиём мекунанд. 8 Ҳамчун гавҳараки чашм маро нигаҳбонӣ намо; дар сояи болҳои Худ маро пинҳон бикун 9 Аз шарироне ки ба ман ситам мекунанд, — аз душманони қасди ҷонам, ки маро иҳота менамоянд. 10 Амъояшон чарбу баста, даҳонашон суханони мағрурона мегӯяд. 11 Дар ҳар қадамамон алҳол моро иҳота мекунанд; чашмони худро дӯхтаанд, то ки маро ба замин ғалтонанд; 12 Вай мисли шерест, ки ба даридан ҳарис бошад, ва мисли шери ҷавонест, ки дар камингоҳ нишаста бошад. 13 Бархез, эй Худованд, аз вай пешдастӣ карда, варо мағлуб намо, ҷонамро аз шарир бо шамшерат бираҳон, 14 Яъне аз сафилон бо дасти Худ, эй Худованд; аз сафилони дуньё, ки аз ин зиндагӣ баҳраманданд, ва ганҷинаи Ту шиками онҳоро пур мекунад; фарзандҳошон низ сер шуда, бақияи онро ба бачагони худ мемонанд. 15 Ман дар адолат рӯи Туро хоҳам дид; чун бедор шавам, аз сурати Ту сер хоҳам шуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden