Забур 150 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ ПАНҶОҲУМ Тамоми махлуқот Худовандро мадҳ менамоянд. 1 Ҳалелуёҳ. Худовандро дар қудси Ӯ мадҳ кунед; Ӯро дар фалаки қуввати Ӯ мадҳ кунед. 2 Ӯро дар қудрати Ӯ мадҳ кунед; Ӯро мувофиқи бузургии азамати Ӯ мадҳ кунед. 3 Ӯро бо навохтани шох мадҳ кунед; Ӯро бо уд ва барбат мадҳ кунед. 4 Ӯро бо даф ва рақс мадҳ кунед; Ӯро бо созҳо ва най мадҳ кунед. 5 Ӯро бо шақшақаҳои хушнаво мадҳ кунед; Ӯро бо шақшақаҳои баландовоз мадҳ кунед. 6 Бигзор ҳар кӣ нафас мекашад, Худовандро мадҳ кунад. Ҳалелуёҳ! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden