Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 15 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ПОНЗДАҲУМ Дуои Довуд дар бораи он ки Худованд ӯро дар миёни баргузидагон маҳфуз дорад ва сазовори ҳаёти ҷовидонӣ гардонад.

1 Суруди Довуд. Маро нигаҳбонӣ намо, эй Худо, зеро ки ба Ту паноҳ мебарам.

2 Ба Худованд гуфтам: Ту Худованди ман ҳастӣ; некӯӣ барои ман ҷуз аз Ту нест.

3 Ба муқаддасон низ, ки дар мамлакат ҳастанд, ва ба нерумандон — тамоми иштиёқи ман дар онҳост.

4 Кулфатҳои онҳое ки худои дигареро мепарастанд, афзун хоҳад шуд; қурбониҳои рехтании хунини онҳоро нахоҳам рехт, ва номҳои онҳоро ба забон нахоҳам овард.

5 Худованд ҳиссаи насибаи ман ва косаи ман аст; Ту қуръаи маро нигоҳ доштаӣ.

6 Марзаҳои ман ба мақомҳои хуш афтодааст, ва мероси зебое ба ман расидааст.

7 Худовандро муборак мехонам, ки Ӯ маро ҳидоят намудааст; шабҳо низ ботинам маро меомӯзад.

8 Ҳамеша Худовандро пеши назари худ мебинам, зеро ки Ӯ ба ямини ман аст; фурӯ нахоҳам ғалтид.

9 Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва рӯҳам ба ваҷд омад; ҷисмам низ дар осудагӣ сокин хоҳад шуд;

10 Зеро ки Ту ҷони маро дар дӯзах нахоҳӣ андохт; нахоҳӣ гузошт, ки Куддуси Ту фаноро бубинад.

11 Тариқи ҳаётро ба ман биомӯз: камоли шодиҳо ба ҳузури Туст, ва хушиҳо ба ямини Туст то абад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan