Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 149 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ НӮҲУМ Ҳамаи порсоён Худовандро ҷалол медиҳанд.

1 Ҳалелуёҳ. Дар шаъни Худованд суруди наве бихонед; ва ҳамду санои Ӯро дар шӯрои порсоён.

2 Бигзор Исроил дар Офаридагори худ шодӣ кунад; фарзандони Сион дар Подшоҳи худ хурсандӣ кунанд;

3 Исми Ӯро дар рақс мадҳ намоянд; бо даф ва барбат Ӯро бисароянд,

4 Зеро ки Худованд ба қавми Худ таваҷҷӯҳ мекунад, ҳалимонро бо наҷот шукӯҳ мебахшад.

5 Бигзор порсоён дар ҷалол хушнӯд шаванд, бар бистарҳошон тараннум кунанд;

6 Мадҳияҳои Худо дар даҳонашон бошад, ва шамшери дудама дар дасташон,

7 То ки аз халқҳо интиқом гиранд, қабилаҳоро мазаммат намоянд:

8 Подшоҳони онҳоро бо занҷирҳо бандӣ кунанд, ва калоншавандаҳои онҳоро бо завлонаҳои оҳанин;

9 Бар онҳо довариро, ки навишта шудааст, ба амал оваранд; ин барои ҳамаи порсоёни Ӯ шавкат хоҳад буд. Ҳалелуёҳ!

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan