Забур 148 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ ҲАШТУМ Тамоми ҷаҳон Худовандро ҷалол медиҳад. 1 Ҳалелуёҳ. Худовандро аз осмонҳо мадҳ кунед; Ӯро дар афрозҳо мадҳ кунед. 2 Ӯро мадҳ кунед, эй ҳамаи фариштагони Ӯ; Ӯро мадҳ кунед, эй ҳамаи лашкарҳои Ӯ. 3 Ӯро мадҳ кунед, эй офтоб ва моҳ; Ӯро мадҳ кунед, эй ҳамаи ситорагони нур. 4 Ӯро мадҳ кунед, эй фалакулафлок, ва эй обҳои фавқи осмонҳо. 5 Исми Худовандро мадҳ мекунанд, зеро ки Ӯ амр фармудааст, ва онҳо офарида шудаанд. 6 Ва онҳоро қоим доштааст то абад; ва қонуне муқаррар намудааст, ва аз он нахоҳанд даргузашт. 7 Худовандро аз замин мадҳ кунед, эй наҳангон ва ҳамаи вартаҳо; 8 Эй оташ ва жола, эй барф ва дуд, эй боди тунд, ки каломи Ӯро ба ҷо меоварӣ; 9 Эй кӯҳҳо ва ҳамаи талҳо, эй дарахтони мевадор ва ҳамаи арзҳо; 10 Эй ҳайвонҳо ва ҳамаи чорпоён, эй хазандагон ва мурғони болдор; 11 Эй подшоҳони замин ва ҳамаи қабилаҳо, эй мирон ва ҳамаи доварони замин; 12 Эй ҷавонон ва бокираҳо низ, эй пирон ва наврасон. 13 Исми Худовандро мадҳ мекунанд, зеро ки танҳо исми Ӯ олишаън аст, шукӯҳи Ӯ бар замин ва осмон аст. 14 Ва Ӯ шохи қавми Худро баланд бардоштааст, то ки ҳамду саное шавад дар шаъни ҳамаи порсоёни Ӯ, дар шаъни банӣ‐Исроил, ки қавми муқарраби Ӯ ҳастанд. Ҳалелуёҳ. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden