Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 147 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ ҲАФТУМ Ҳамд дар шаъни Худо, ки Довари Исроил аст.

1 Худовандро, эй Ерусалим, ситоиш бикун; Худои худро, эй Сион, мадҳ намо;

2 Зеро ки Ӯ ғалақаҳои дарвозаҳоятро мустаҳкам мекунад; фарзандонатро андаруни ту баракат мефармояд.

3 Дар ҳудуди ту сулҳу осоиштагӣ барқарор менамояд; туро аз мағзи гандум сер мегардонад.

4 Сухани Худро ба замин мефиристад: сухани Ӯ бағоят зуд паҳн мешавад.

5 Барфро мисли пашм меборонад; қиравро мисли хокистар мепошад.

6 Жолаи Худро мисли нонҳои майда мепартояд; кист, ки пеши сармои Ӯ истода тавонад?

7 Каломи Худро мефиристад ва онҳоро об мекунад; боди Худро мевазонад, ва обҳо ҷорӣ мешавад.

8 Каломи Худро ба Яъқуб баён намудааст, фароизи Худ ва дастурҳои Худро ба Исроил.

9 Ба ҳеҷ як халқ чунин накардааст, ва дастурҳоро онҳо намедонанд. Ҳалелуёҳ!

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan