Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 146 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ ШАШУМ Мадҳ дар шаъни Худованди Қодир.

1 Ҳалелуёҳ. Зеро ки некӯст Худои моро сароидан; зеро ки ин дилпазир аст: ҳамду санои шоиста аст.

2 Худованд Ерусалимро бино мекунад, парокандагони Исроилро ҷамъ меоварад;

3 Дилшикастагонро шифо мебахшад, ва ҷароҳатҳои онҳоро мебандад;

4 Миқдори ситораҳоро ба ҳисоб мегирад: ҳамаи онҳоро бо номҳошон мехонад.

5 Худованди мо бузург аст ва пурқувват; хиради Ӯ беҳадду беканор аст.

6 Ҳалимонро Худованд тақвият медиҳад; шариронро то ба замин паст мезанад.

7 Дар шаъни Худованд бо шукрона суруд хонед; Худои моро бо барбат бисароед,

8 Ки Ӯ осмонро бо абрҳо мепӯшонад, барои замин борон муҳайё мекунад, бар кӯҳҳо алаф месабзонад.

9 Ба чорпо хӯрок медиҳад, ва ба бачаҳои зоғ, ки сӯи Ӯ мехонанд.

10 На ба иқтидори асп рағбат дорад, на ба соқҳои одам таваҷҷӯҳ мекунад:

11 Худованд ба тарсгорони Худ таваҷҷӯҳ менамояд, ва ба онҳое ки ба эҳсони Ӯ умедворанд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan