Забур 145 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ ПАНҶУМ Худованд умедворони Худро нигаҳбонӣ менамояд. 1 Ҳалелуёҳ. Эй ҷонам, Худовандро мадҳ намо. 2 Тамоми умри худ Худовандро мадҳ хоҳам кард; то даме ки вуҷуд дорам, Худои худро хоҳам сароид. 3 Ба мирон таваккал накунед, ба фарзанди одам, ки дар вай наҷоте нест: 4 Рӯҳи вай берун меравад, вай ба хоки худ бармегардад; дар ҳамон рӯз андешаҳои вай нест мешавад. 5 Хушо касе ки Худои Яъқуб мададгори ӯст, ва умеди ӯ бар Худованд Худои ӯст, 6 Ки Ӯ осмон ва заминро офаридааст, ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар онҳост; Ӯ ростиро то абад нигаҳбонӣ мекунад; 7 Ба ситамкашон додгарӣ мекунад, ба гуруснагон нон медиҳад; Худованд бандиёнро озод мекунад. 8 Худованд чашми кӯронро мекушояд; Худованд хамидақоматонро рост мегардонад; Худованд одилонро дӯст медорад. 9 Худованд ғарибонро нигаҳбонӣ менамояд, ятимон ва бевазанонро тақвият медиҳад, ва роҳи шариронро каҷ мекунад. 10 Худованд подшоҳӣ хоҳад кард то абад, Худои ту, эй Сион, то абадуддаҳр. Ҳалелуёҳ! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden