Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 144 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ ЧОРУМ Ҳамд дар шаъни марҳамат ва адолати Худо.

1 Ҳамду санои Довуд. Туро, эй Худои ман, ки Подшоҳ ҳастӣ, болобардор хоҳам кард, ва исми Туро муборак хоҳам хонд то абад.

2 Ҳар рӯз Туро муборак хоҳам хонд, ва исми Туро мадҳ хоҳам кард то абад.

3 Худованд бузург аст ва бениҳоят мамдӯҳ; ва бузургии Ӯ беҳадду беканор аст.

4 Аъмоли Туро насл бо насл ситоиш хоҳад намуд, ва қудрати Туро ривоят хоҳад кард.

5 Дар бораи шукӯҳу шавкати ҷалоли Ту ва корномаҳои аҷоиби Ту фикру хаёл хоҳам кард.

6 Ва дар бораи қуввати корҳои саҳмгини Ту сухан хоҳанд ронд; ва бузургии Туро нақл хоҳам кард.

7 Зикри меҳрубониҳои бисьёри Туро ифода хоҳанд намуд, ва адолати Туро тараннум хоҳанд кард.

8 Худованд бахшанда ва раҳим аст, собир ва серэҳсон.

9 Худованд барои ҳама некӯст, ва марҳаматҳои Ӯ бар тамоми аъмоли Ӯст.

10 Туро, эй Худованд, тамоми аъмолат ҳамд мегӯяд, ва порсоёнат Туро муборак мехонанд;

11 Аз ҷалоли малакути Ту сухан меронанд, ва қудрати Туро тавсиф менамоянд;

12 То ки қудрати Ӯро ба банӣ‐одам маълум кунанд, ва ҷалоли шавкати малакути Ӯро.

13 Малакути Ту малакути ҳамаи замонҳост, ва ҳукмфармоии Ту дар ҳамаи наслҳост.

14 Худованд ҳамаи афтодагонро дастгирӣ мекунад, ва ҳамаи хамидақоматонро рост мегардонад.

15 Чашмони ҳама сӯи Ту интизор дорад, ва Ту ризқи онҳоро дар вақташ мерасонӣ.

16 Дасти Худро мекушоӣ, ва ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер мекунӣ.

17 Худованд дар ҳамаи тариқҳои Худ одил аст. ва дар тамоми аъмоли Худ пур аз эҳсон аст.

18 Худованд наздик аст ба ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд, ба ҳамаи онҳое ки Ӯро ба ростӣ мехонанд.

19 Хоҳиши тарсгорони Худро ба ҷо меоварад, ва истиғосаи онҳоро мешунавад, ва онҳоро наҷот медиҳад.

20 Худованд ҳамаи дӯстдорони Худро нигаҳбонӣ мекунад, ва ҳамаи шариронро нест хоҳад кард.

21 Даҳонам ҳамду санои Худовандро мегӯяд, ва тамоми башар исми қуддуси Ӯро муборак мехонад то абад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan