Забур 143 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ СЕЮМ Дуо дар бораи баракат додан ба қавми баргузида. 1 Таронаи Довуд. Муборак аст Худованд, ки кӯҳпораи ман аст; Ӯ дастҳоямро ҳарбу зарб, ва ангуштонамро ҷанг меомӯзад. 2 Ӯ эҳсони ман аст ва қалъаи ман, паноҳгоҳи ман аст ва раҳокунандаи ман, сипари ман аст, ва ба Ӯ паноҳ мебарам; қавми маро зердасти ман мегардонад. 3 Худовандо! Чист одам, ки ӯро бишносӣ? Ва фарзанди инсон, ки ӯро ба назари эътибор гирӣ? 4 Одамизод мисли як нафас аст: рӯзҳои вай мисли сояи даргузар аст. 5 Худовандо! Осмони Худро хамонида, нузул намо; ба кӯҳҳо даст бирасон, то ки дуд кунанд. 6 Барқҳоро барқ занонда, онҳоро пароканда соз; тирҳои Худро фиристода, онҳоро ҳаросон намо. 7 Дасти Худро аз афроз бифрист; маро бираҳон ва маро аз обҳои бисьёр халосӣ деҳ, яъне аз дасти мардуми аҷнабӣ, 8 Ки даҳонашон суханони ботил мегӯяд, ва яминашон ямини бардурӯғ аст. 9 Худоё! Дар шаъни Ту суруди наве мехонам, бо уди даҳтор Туро месароям, 10 Ки подшоҳонро Ту наҷот мебахшӣ, ва бандаи Худ Довудро аз шамшери қотил раҳо мекунӣ. 11 Маро бираҳон ва маро аз дасти мардуми аҷнабӣ халосӣ деҳ, ки даҳонашон суханони ботил мегӯяд, ва яминашон ямини бардурӯғ аст; 12 То ки писарони мо дар ҷавонии худ мисли ниҳолҳо нашъунамо ёбанд; духтарони мо мисли сутунгӯшаҳои кандакории кӯшкҳо зебо бошанд; 13 Анборҳои мо пуропур шуда, аз ҳар навъ нозу неъмат таъмин намоянд; рамаҳои мо ҳазорҳо карат афзуда, бевар‐бевар дар чарогоҳҳои мо чарида гарданд; 14 Барзаговҳои мо зери бор монанд; на мусибате ба амал ояд, на хуруҷе, на фиғоне дар кӯчаҳои мо. 15 Хушо қавме ки аҳволаш чунин аст! Хушо қавме ки Худованд Худои ӯст! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden