Забур 142 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ ДУЮМ Дуо дар бораи ҳимоят кардан аз душманон. 1 Таронаи Довуд. Худовандо! Дуои маро бишнав, ба зориҳоям гӯш андоз; дар садоқати Худ маро аз рӯи адолати Худ иҷобат намо. 2 Ва бо бандаи Худ ба мурофиа набиё, зеро ҳеҷ як зиндае нест, ки пеши Ту сафед шуда тавонад. 3 Зеро ки душман ҷонамро таъқиб менамояд, ҳаётамро ба замин яксон кардааст, маро дар зулмот сокин гардондааст, мисли онҳое ки аз қадим мурдаанд. 4 Ва рӯҳам дар ман беҳол шудааст; дилам андаруни ман дар ҳайрат афтодааст. 5 Айёми қадимро ба ёд меоварам; ҳамаи корномаҳои Туро аз хаёл мегузаронам; дар бораи амали дастҳои Ту фикру хаёл мекунам. 6 Дастҳоямро сӯи Ту дароз мекунам; ҷонам мисли замини беоб ташнаи Туст. Село. 7 Ба зудӣ маро иҷобат намо, эй Худованд! Рӯҳам хаста шудааст; рӯи Худро аз ман пинҳон надор, ки мабодо мисли фурӯравандагони гӯр гардам. 8 Саҳаргоҳон эҳсони Худро ба ман бишнавон, зеро ки ба Ту таваккал кардаам; тариқеро, ки бо он биравам, ба ман маълум намо, зеро ки ҷонамро сӯи Ту нигаронидаам. 9 Маро аз душманонам халосӣ деҳ, эй Худованд! Ба Ту паноҳ мебарам. 10 Маро таълим деҳ, то ки иродаи Туро ба ҷо оварам, зеро ки Худои ман Ту ҳастӣ; бигзор рӯҳи неки Ту маро ба замини ҳамвор ҳидоят намояд. 11 Ба хотири исми Худ, эй Худованд, маро зинда гардон; аз рӯи адолати Худ ҷонамро аз тангӣ берун ор. 12 Ва аз рӯи эҳсони Худ душманонамро нест кун, ва ҳамаи хасмҳои ҷонамро нобуд кун, зеро ки ман бандаи Ту ҳастам. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden