Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 141 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ ЯКУМ Дуо дар бораи мадад расондан дар вақти душвориҳо.

1 Бо овози худ сӯи Худованд фарьёд мекашам, бо овози худ сӯи Худованд зорӣ мекунам.

2 Андӯҳамро пеши Ӯ изҳор менамоям; тангиамро пеши Ӯ баён мекунам.

3 Вақте ки рӯҳам дар ман аз ҳол мерафт, Ту тариқи маро медонистӣ; дар роҳе ки меравам, доме барои ман пинҳон кардаанд.

4 Ба тарафи рост назар андоз ва бубин, ки каси ба ман шиносе нест; гурезгоҳе бароям боқӣ намондааст: касе нест, ки ғами ҷонамро бихӯрад.

5 Сӯи Ту, эй Худованд, фарьёд кашидам ва гуфтам: «Ту паноҳгоҳи ман ҳастӣ, ва насибаи ман дар замини зиндаҳо.

6 Ба тазаррӯам диққат намо, зеро ки бисьёр бемаҷол шудаам; маро аз таъқибкунандагонам халосӣ деҳ, зеро ки аз ман пурзӯртаранд.

7 Ҷонамро аз зиндон берун ор, то ки исми Туро ҳамд гӯям; одилон дар ман ифтихор хоҳанд кард, вақте ки Ту ба ман таваҷҷӯҳ намоӣ».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan