Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 140 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУМ Дуо дар бораи мадад расондан бар зидди шарирон.

1 Таронаи Довуд. Худовандо! Туро мехонам, сӯи ман шитоб намо; ба овозам гӯш андоз, вақте ки Туро мехонам.

2 Бигзор дуоям ба ҳузури Ту мисли бухур мақбул афтад, ва боло кардани кафҳоям мисли ҳадияи шом.

3 Бар даҳонам, эй Худованд, посбоне бимон, ва дари лабҳоямро нигаҳбонӣ намо.

4 Диламро ба чизи бад моил нагардон, то ки дар роҳи шарорат бо шахсони бадкирдор амал накунам, ва аз нозу неъмати онҳо начашам.

5 Одил маро бизанад — эҳсон аст; ва маро мазаммат намояд — равған аст барои сарам, ва сарам ба он монеъ нахоҳад шуд; зеро ки ҳанӯз дуоям бар зидди кирдорҳои бади онҳост.

6 Доварони онҳо аз болои сахра партофта хоҳанд шуд, ва он гоҳ суханони маро хоҳанд шунид, зеро ки хуш аст.

7 Мисли он ки замин аз шудгор пора‐пора мешавад, устухонҳои мо дар даҳони гӯристон пароканда хоҳад шуд.

8 Аммо чашмонам сӯи Туст, эй Худованд, Худованд! Ба Ту паноҳ мебарам, ҷонамро нобуд накун.

9 Маро аз доме ки барои ман ниҳодаанд, нигоҳдорӣ намо; ва аз тузоқҳои бадкирдорон.

10 Шарирон дар домҳои худ хоҳанд афтод, дар сурате ки ман сиҳат саломат хоҳам гузашт.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan