Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 14 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ЧОРДАҲУМ Некӯкории баргузидагон.

1 Таронаи Довуд. Худовандо! Кист, ки дар хаймаи Ту иқомат намояд? Кист, ки дар кӯҳи муқаддаси Ту сокин шавад?

2 Касе ки дар рафтораш беайб бошад, ва аз рӯи адолат амал кунад, ва дар дили худ ростгӯй бошад;

3 Бо забони худ бӯҳтон назанад, ба ёри худ бадӣ накунад, ва ақрабои худро таҳқир нанамояд;

4 Манфур дар назараш разил бошад, валекин тарсгорони Худовандро иззат кунад; қасамаш ба зарари худаш бошад ҳам, онро тағьир надиҳад;

5 Пули худро ба фоида надиҳад, ва бар зидди бегуноҳ ришва нагирад, — касе ки чунин рафтор мекунад, то абад фурӯ нахоҳад ғалтид.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan