Забур 139 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ СИЮ НӮҲУМ Дуо дар бораи мадад расондан бар зидди душманоне ки ҳуҷум мекунанд. 1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. 2 Маро, эй Худованд, аз одами бад бираҳон; аз шахси золим маро муҳофизат намо, 3 Ки онҳо дар дил қасдҳои бад доранд, ҳар рӯз ҷангу ҷидол ба миён меоваранд. 4 Забони худро ба сони мор тез мекунанд: заҳри афъӣ зери лабҳои онҳост. Село. 5 Маро, эй Худованд, аз дасти шарир нигоҳ дор, аз золим маро муҳофизат намо, ки онҳо қасд доранд пойҳои маро лағжонанд. 6 Мағрурон барои ман қапқон ва камандҳо пинҳон кардаанд, дар сари роҳ дом ниҳодаанд, тузоқҳо барои ман шинондаанд. Село. 7 Ба Худованд гуфтам: «Ту Худои ман ҳастӣ! Ба овози зориҳоям, эй Худованд, гӯш андоз! 8 Худовандо! Худовандо! Эй қуввати наҷотам! Дар рӯзи ҳарбу зарб сари маро пӯшидаӣ. 9 Орзуҳои шарирро, эй Худованд, ба иҷро нарасон; қасди бадашро ба амал набарор, то ки ҳавобаланд нашавад». Село. 10 Бигзор сари онҳоеро, ки гирди маро гирифтаанд, хабосати лабҳои худашон бипӯшад. 11 Бигзор бар онҳо ахгарҳо фурӯ резад; бигзор онҳо дар оташ фурӯ ғалтанд, ва дар ҷарҳо, то ки бархоста натавонанд. 12 Шахси бадзабон дар замин қоим нахоҳад шуд; золимро бадӣ ба дом дароварда, шикаст хоҳад дод. 13 Медонам, ки Худованд ба мазлумон додгарӣ ва ба мискинон инсоф хоҳад кард. 14 Ба яқин одилон исми Туро ҳамд хоҳанд гуфт; росткорон ба ҳузури Ту сокин хоҳанд шуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden