Забур 137 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ СИЮ ҲАФТУМ Суруди шукрона барои мадади Худо. 1 Таронаи Довуд. Бо тамоми дилам Туро ҳамд хоҳам гуфт; дар рӯ ба рӯи худоён Туро хоҳам сароид. 2 Сӯи қасри қудси Ту саҷда хоҳам кард, ва исми Туро барои эҳсони Ту ва барои ростии Ту ҳамд хоҳам гуфт; зеро ки исми Худ ва сухани Худро аз ҳар чиз бузург кардаӣ. 3 Дар рӯзе ки Туро хондам, маро иҷобат намудӣ, қувватро дар ҷонам афзун кардӣ. 4 Туро, эй Худованд, ҳамаи подшоҳони замин ҳамд хоҳанд гуфт, вақте ки суханони даҳони Туро бишнаванд, 5 Ва тариқҳои Худовандро хоҳанд сароид, зеро ки ҷалоли Худованд бузург аст. 6 Ҳар чанд ки Худованд баланд аст, ба замин назар мекунад, ва ҳавобаландро аз дур мешиносад. 7 Агарчи андаруни тангӣ роҳ меравам, маро зинда хоҳӣ гардонд; бар хашми душманонам дасти Худро равона хоҳӣ кард, ва ямини Ту маро наҷот хоҳад дод. 8 Худованд ба нафъи ман анҷом хоҳад дод. Худовандо! Эҳсони Ту то абад аст; кори дастҳои Худро тарк накун. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden