Забур 136 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ СИЮ ШАШУМ Суруд назди наҳрҳои Бобил. 1 Назди наҳрҳои Бобил, он ҷо менишастем, мегиристем низ, вақте ки Сионро ба ёд меовардем. 2 Бар дарахтони бед, ки андаруни он буд, барбатҳои худро овехтем, 3 Зеро ки дар он ҷо асиркунандагони мо аз мо суханони сурудро талаб мекарданд, ва зулмкунандагони мо — шодмониро: «Барои мо аз сурудҳои Сион бихонед». 4 Чӣ тавр мо суруди Худовандро дар замини бегона бихонем? 5 Агар туро, эй Ерусалим, фаромӯш кунам, бигзор ямини ман фаромӯш шавад; 6 Забонам ба комам бичаспад, агар туро ба ёд наоварам, агар Ерусалимро бар сари шодмонии худ нагузорам. 7 Худовандо! Рӯзи Ерусалимро ба банӣ‐Адӯм ёдоварӣ намо, ки гуфта буданд: «Вайрон кунед, аз буньёдаш вайрон кунед!» 8 Эй духтари Бобили табоҳкор! Хушо касе ки сазои туро диҳад, барои сазое ки ба мо додаӣ. 9 Хушо касе ки кӯдакони туро гирифта, ба сахра занад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden