Забур 135 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ СИЮ ПАНҶУМ Мадҳ дар шаъни марҳамати Худо. 1 Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст; зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. 2 Худои худоёнро ҳамд гӯед, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. 3 Худованди худовандонро ҳамд гӯед, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. 4 Ӯро, ки танҳо Худаш корҳои аҷоиби бузурге мекунад, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. 5 Ӯро, ки осмонро хирадмандона офаридааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. 6 Ӯро, ки заминро бар обҳо густурдааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. 7 Ӯро, ки найирҳои бузург офаридааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст: 8 Офтобро барои салтанати рӯз, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст; 9 Моҳ ва ситорагонро барои салтанати шаб, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. 10 Ӯро, ки Мисрро дар нахустзодагони онҳо зарба задааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст; 11 Ва Исроилро аз миёни онҳо берун овардааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст; 12 Бо дасти тавоно ва бо бозуи тӯлонӣ, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. 13 Ӯро, ки баҳри Қулзумро тақсим кардааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст; 14 Ва Исроилро аз миёнаи он гузарондааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст; 15 Ва фиръавн ва лашкари варо дар баҳри Қулзум андохтааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. 16 Ӯро, ки қавми Худро дар биёбон бурдааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. 17 Ӯро, ки подшоҳони бузургро зарба задааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст; 18 Ва подшоҳони нерумандро куштааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст: 19 Сиҳӯн подшоҳи амӯриёнро, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст; 20 Ва Ӯҷ подшоҳи Бошонро, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст; 21 Ва замини онҳоро мерос додааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст, 22 Мерос ба бандаи Худ Исроил, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. 23 Моро дар залолати мо ба ёд овардааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст; 24 Ва моро аз адуёни мо халосӣ додааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. 25 Ӯ ба тамоми башар ризқу рӯзӣ медиҳад, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. 26 Худои осмонро ҳамд гӯед, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden