Забур 132 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ СИЮ ДУЮМ Хушбахтии муошират. 1 Суруди сууди Довуд. Инак, чӣ хуш аст ва чӣ дилпазир, ки бародарон дар як ҷой ҳамнишин бошанд; 2 Мисли равғани некӯ бар сар, ки шорида ба риш мефурояд; ба риши Ҳорун, ки ба гиребони ридои ӯ мефурояд; 3 Мисли шабнами Ҳермӯн, ки ба кӯҳҳои Сион мефурояд, зеро ки дар он ҷо Худованд баракатро амр фармудааст; ва ҳаётро то абад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden