Забур 131 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ СИЮ ЯКУМ Худованд ваъдаҳои Худро ба ҷо меоварад. 1 Суруди сууд. Довудро, эй Худованд, ба ёд ор, тамоми меҳнати ӯро, 2 Ки ба Худованд қасам хӯрда буд, ба Қодири Яъқуб назр карда буд: 3 «Зери сақфи хонаи худ дохил нахоҳам шуд, бар ҷойхоби худ нахоҳам баромад, 4 Хоб ба чашмони худ нахоҳам дод, ва ғанаб ба мижгони худ, 5 То даме ки мақоме барои Худованд пайдо кунам, ва масканҳо барои Қодири Яъқуб». 6 Инак, дар бораи он дар Эфрот шунидаем, онро дар саҳрои Ёар ёфтаем. 7 Ба масканҳои Ӯ меоем, ба қадамгоҳи Ӯ саҷда мекунем. 8 Бархез, эй Худованд, ба оромгоҳи Худ биё, — Ту ва сандуқи шавкати Ту. 9 Коҳинони Ту ҷомаи адолат хоҳанд пӯшид, ва порсоёни Ту тараннум хоҳанд кард. 10 Ба хотири бандаи Худ Довуд, рӯи масеҳи Худро барнагардон. 11 Худованд ба Довуд ба ростӣ қасам хӯрдааст, ва аз он нахоҳад баргашт: «Аз самари батни ту бар тахти ту хоҳам гузошт; 12 Агар писаронат аҳди Маро нигоҳдорӣ кунанд, ва шаҳодати Маро, ки ба онҳо таълим хоҳам дод: писарони онҳо низ ба сурати абадӣ бар тахти ту хоҳанд нишаст». 13 Зеро ки Худованд Сионро баргузидааст; онро барои нишемангоҳи Худ хостааст: 14 «Ин аст оромгоҳи Ман ба сурати абадӣ; дар ин ҷо хоҳам нишаст, зеро ки онро хостаам. 15 Ҳосилоташро баракат хоҳам дод, камбағалонашро аз нон сер хоҳам кард. 16 Ва коҳинонашро ҷомаи наҷот хоҳам пӯшонид; ва порсоёнаш пайваста тараннум хоҳанд кард. 17 Дар он ҷо шохи Довудро хоҳам сабзонид; чароғе барои масеҳи Худ хоҳам барафрӯхт. 18 Душманони ӯро ҷомаи хиҷолат хоҳам пӯшонид; валекин бар ӯ тоҷи ӯ дурахшон хоҳад шуд». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden