Забур 13 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ СЕЗДАҲУМ Нокасии шарирон. Ваъдаи халосӣ ба баргузидагон. 1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Нокас дар дили худ гуфт: «Худо нест». Онҳо фосид шудаанд, корҳои зишт кардаанд; некӯкоре нест. 2 Худованд аз осмон ба банӣ‐одам назар андохт, то бубинад, ки оё касе соҳибфаҳм ва толиби Худо ҳаст? 3 Ҳама рӯй тофтаанд, бо ҳамдигар фосиқ шудаанд; некӯкоре нест, як нафар ҳам нест. 4 Оё ҳамаи бадкирдорон фаҳм намекунанд, ки қавми маро мехӯранд, чунон ки нон мехӯранд? Худовандро нахондаанд. 5 Он вақт сахт ҳаросон шуданд, зеро ки Худованд дар насли одилон зоҳир гардидааст. 6 Шумо рои ҳалимонро тамасхур кардед, аммо Худованд пуштибони онҳост. 7 Кошки наҷоти Исроил аз Сион ба амал ояд! Вақте ки Худованд асирони қавми Худро баргардонад, Яъқуб хурсанд ва Исроил шод хоҳад шуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden