Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 129 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ БИСТУ НӮҲУМ Дуо дар бораи омурзидани гуноҳкорон.

1 Суруди сууд. Аз умқҳо Туро, эй Худованд, мехонам.

2 Худовандо! Овози маро бишнав. Бигзор гӯшҳои Ту ба овози зориҳоям диққат намояд.

3 Агар Ту, эй Худованд, гуноҳҳоро ба назар гирӣ, кист, эй Худованд, ки истодагӣ карда тавонад?

4 Аммо омурзиш назди Туст, то ки саҳмгин бошӣ.

5 Ба Худованд умедворам, ҷонам умедвор аст; ва ба каломи Ӯ умед бастаам.

6 Ҷонам Худовандро мунтазир аст, зиёда аз он ки посбонон субҳидамро, посбонон субҳидамро.

7 Эй Исроил, ба Худованд умед банд, зеро ки эҳсон назди Худованд аст, ва халосӣ назди Ӯ бисьёр аст,

8 Ва Ӯ Исроилро аз ҳамаи гуноҳҳои вай халосӣ хоҳад дод.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan