Забур 128 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ БИСТУ ҲАШТУМ Бигзор онҳое ки аз Сион нафрат доранд, хиҷил шаванд. 1 Суруди сууд. Басо маро аз ҷавониам ба танг оварданд, — бигӯяд Исроил, — 2 Басо маро аз ҷавониам ба танг оварданд; бо вуҷуди ин бар ман ғолиб наомаданд. 3 Бар тахтапуштам шудгоркунандагон шудгор карданд; ҷӯякҳои худро дароз карданд. 4 Лекин Худованд одил аст: бандҳои шариронро пора‐пора кард. 5 Бигзор ҳамаи бадхоҳони Сион хиҷил шаванд ва қафо гарданд; 6 Мисли сабзаи болои бомҳо бошанд, ки пеш аз гул карданаш хушк мешавад, 7 Ки даравгар кафи худро аз он пур намекунад, ва дарзабанд қучоқи худро, 8 Ва роҳгузарон намегӯянд: «Баракати Худованд бар шумо бод; шуморо ба исми Худованд баракат мехоҳем». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden