Забур 127 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ БИСТУ ҲАФТУМ Тарсгорони Худо некрӯз мебошанд. 1 Суруди сууд. Хушо ҳар тарсгори Худованд, ки бо роҳҳои Ӯ меравад! 2 Аз меҳнати кафҳои худ хоҳӣ хӯрд; ту хушбахт ҳастӣ, ва некӯӣ бо туст. 3 Занат мисли токи борвар андаруни хонаи туст, фарзандонат мисли ниҳолҳои зайтун дар гирди суфраи ту. 4 Инак, марди тарсгори Худованд чунин баракат хоҳад ёфт. 5 Худованд туро аз Сион баракат хоҳад дод, ва карруфари Ерусалимро тамоми айёми зиндагии худ хоҳӣ дид. 6 Ва фарзандони фарзандонатро хоҳӣ дид. Сулҳу осиштагӣ бар Исроил бод! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden