Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 126 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ БИСТУ ШАШУМ Бе Худо тамоми ҷидду ҷаҳд бар абас мебошад.

1 Суруди сууди Сулаймон. Агар Худованд хонаро бино накунад, бинокорони он бар абас меҳнат мекунанд; агар Худованд шаҳрро нигаҳбонӣ накунад, посбони он бар абас ҷадал менамояд.

2 Бар абас шумо бармаҳал мехезед, то бевақтӣ менишинед, нони ранҷро мехӯред, дар сурате ки Ӯ ба маҳбуби Худ хоб мебахшад.

3 Инак, фарзандон мерос аз ҷониби Худованд ҳастанд; самари батн муздест аз ҷониби Ӯ.

4 Чӣ гунае ки тирҳо дар дасти зӯровар аст, он гунаанд фарзандони айёми ҷавонӣ.

5 Хушо марде ки тирдонашро аз онҳо пур карда бошад! Хиҷил нахоҳанд шуд, вақте ки бо душманон назди дарвоза сухан ронанд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan