Забур 125 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ БИСТУ ПАНҶУМ Суруди шодиёнаи наҷотьёфтагон. 1 Суруди сууд. Вақте ки Худованд асирони Сионро баргардонд, мисли хоббинандагон будем. 2 Он гоҳ даҳони мо аз ханда пур буд, ва забони мо аз тараннум; он гоҳ дар миёни халқҳо мегуфтанд: «Худованд чизҳои бузурге барои онҳо ба амал овард!» 3 Худованд бо мо корҳои бузурге кард; мо шод гаштем. 4 Худованд асирони моро баргардонд, мисли маҷроҳои об дар ҷануби хушк. 5 Онҳое ки бо ашк кишт мекунанд, бо тараннум дарав хоҳанд кард. 6 Касе ки гирьякунон рафта, халтаи тухмиро мекашонад, бо тараннум баргашта, дарзаҳои худро хоҳад кашонд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden