Забур 124 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ БИСТУ ЧОРУМ Худованд ба некон мадад мерасонад. 1 Суруди сууд. Онҳое ки ба Худованд таваккал мекунанд, мисли кӯҳи Сион ҳастанд, ки фурӯ намеғалтад, ва то абад пойдор аст. 2 Кӯҳҳо гирдогирди Ерусалим аст, ва Худованд гирдогирди қавми Худ, аз ҳоло ва то абад. 3 Зеро ки асои шарорат бар қисмати одилон қарор нахоҳад ёфт, то ки одилон дастҳои худро ба ноинсофӣ дароз накунанд. 4 Ба некон, эй Худованд, некӣ кун, ва ба онҳое ки дилашон рост аст. Валекин касоне ки ба каҷравӣ моиланд, 5 Худованд онҳоро ҳамроҳи бадкирдорон равона хоҳад кард. Сулҳу осоиштагӣ бар Исроил бод! |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden