Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 123 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ БИСТУ СЕЮМ Худованд ба мо дар мӯҳтоҷӣ мадад мерасонад.

1 Суруди сууди Довуд. Агар Худованд бо мо намебуд, — Исроил бигӯянд, —

2 Агар Худованд бо мо намебуд, вақте ки одамон бар мо қиём карданд,

3 Он гоҳ моро зинда ба зинда фурӯ мебурданд, вақте ки хашмашон бар мо оташ гирифта буд;

4 Он гоҳ обҳо моро ғарқ мекард, селоб бар ҷони мо мегузашт;

5 Он гоҳ обҳои хурӯшон бар ҷони мо мегузашт.

6 Муборак аст Худованд, ки моро тӯъмаи дандонҳои онҳо нагардонд.

7 Ҷони мо мисли мурғе аз доми сайёдон раҳо шуд; дом вайрон шуд, ва мо раҳоӣ ёфтем.

8 Мадади мо дар исми Худованд аст, ки Ӯ осмон ва заминро офаридааст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan