Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 122 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ БИСТУ ДУЮМ Дуо дар бораи наҷот додан аз золимон.

1 Суруди сууд. Сӯи Ту чашмонамро менигаронам, эй, ки бар осмонҳо нишастаӣ!

2 Инак, чунон ки чашмони ғуломон сӯи дасти оғоёни онҳост, чунон ки чашмони каниз сӯи дасти хотуни ӯст, ончунон чашмони мо сӯи Худованд Худои мост, то даме ки ба мо марҳамат намояд.

3 Ба мо марҳамат намо, эй Худованд, ба мо марҳамат намо, зеро ки басо мо аз таҳқир сер шудаем.

4 Басо ҷони мо аз тамасхури лоуболон ва таҳқири мағрурон сер гардидааст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan