Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 121 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ БИСТУ ЯКУМ Дуо — шукрона гуфтан аст ба Худо.

1 Суруди сууди Довуд. Шод шудам, вақте ки ба ман гуфтанд: «Ба хонаи Худованд биравем».

2 Пойҳои мо назди дарвозаҳои ту истодааст, эй Ерусалим, —

3 Ерусалими ободон, ҳамчун шаҳре ки комилан ба ҳам пайвастааст, —

4 Ки ба он ҷо сибтҳо, сибтҳои Худованд, сууд мекарданд, то ки, мувофиқи шаҳодати Исроил, исми Худовандро ҳамд гӯянд;

5 Зеро ки дар он ҷо курсиҳои доварӣ меистод, курсиҳои хонадони Довуд.

6 Барои Ерусалим сулҳу осоиштагӣ талаб кунед: бигзор дӯстдорони ту некрӯз бошанд!

7 Бигзор сулҳу осоиштагӣ дар истеҳкомҳои ту бошад, ва некрӯзӣ дар қасрҳои ту!

8 Ба хотири бародаронам ва ёронам мегӯям, ки сулҳу осоиштагӣ бар ту бод!

9 Ба хотири хонаи Худованд Худои мо барои ту некӯӣ металабам.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan