Забур 120 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ БИСТУМ Мадад аз ҷониби Худованд. 1 Суруди сууд. Чашмонамро сӯи кӯҳҳо менигаронам. Мадади ман аз куҷо меояд? 2 Мадади ман аз ҷониби Худованд аст, ки Ӯ осмон ва заминро офаридааст. 3 Ӯ нахоҳад гузошт, ки поят билағҷад: нигаҳбонат пинак нахоҳад кард. 4 Инак, нигаҳбони Исроил пинак нахоҳад кард ва хоб нахоҳад рафт. 5 Худованд нигаҳбони туст; Худованд соябони туст ба ямини ту. 6 Рӯзона офтоб туро нахоҳад зад, ва шабона — моҳ. 7 Худованд туро аз ҳар бадӣ нигоҳ хоҳад дошт, ҷонатро нигоҳдорӣ хоҳад кард. 8 Худованд баромаданатро, ва омаданатро нигоҳдорӣ хоҳад кард, аз ҳоло ва то абад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden