Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ ДУВОЗДАҲУМ Андӯҳ дар бораи даранг кардани мадади Худо.

1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.

2 То ба кай, эй Худованд, маро доим фаромӯш мекунӣ? То ба кай рӯи Худро аз ман пинҳон медорӣ?

3 То ба кай дар ҷонам андешаҳои ҳузнангез ва дар дилам ҳар рӯз ғаму ғусса дошта бошам? То ба кай душманам бар ман дастболо бошад?

4 Назар афканда, маро иҷобат намо, эй Худованд Худои ман! Чашмонамро равшан бикун, ки мабодо хоби марг равам;

5 Мабодо душманам гӯяд: «Аз вай зӯр баромадам»; ва адуёнам шодӣ кунанд, вақте ки ман фурӯ ғалтам.

6 Валекин ман ба эҳсони Ту таваккал менамоям; дилам дар наҷоти Ту шодӣ мекунад; дар шаъни Худованд суруд мехонам, зеро ки Ӯ ба ман таваҷҷӯҳ намудааст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan