Забур 119 - Китоби Муқаддас 1992 1999ТАРОНАИ САДУ НУЗДАҲУМ Дуо дар бораи халосӣ додан аз бӯҳтонгӯён. 1 Суруди сууд. Дар тангии худ сӯи Худованд хондам, ва маро иҷобат намуд. 2 Худовандо! Ҷонамро аз лабҳои дурӯғгӯй халосӣ деҳ, ва аз забони ҳилагар. 3 Чӣ чизе ба ту хоҳад дод ва чӣ чизе ба ту хоҳад афзуд, эй забони ҳилагар? 4 Тирҳои тези марговар бо ахгарҳои ратам. 5 Вой бар ҳолам, ки дар Машах маъво гирифтаам, назди хаймаҳои Қедор сокин шудаам. 6 Дер гоҳ ҷонам бо бадхоҳони сулҳу осоиштагӣ сокин буд. 7 Ман сулҳҷӯ ҳастам, ва ҳангоме ки сухан меронам, онҳо рӯй ба ҷанг меоваранд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden