Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 118 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ ҲАЖДАҲУМ Қуввати мӯъҷизаосои каломи Худо.

1 Хушо касони ростроҳ, ки мувофиқи шариати Худованд рафтор мекунанд.

2 Хушо онҳое ки шаҳодоти Ӯро риоя мекунанд, бо тамоми дил толиби Ӯ мебошанд.

3 Ноинсофӣ низ намекунанд, бо роҳҳои Ӯ мераванд.

4 Ту фармудҳои Худро амр кардӣ, то ки онҳоро пурра ба ҷо оварем.

5 Кошки роҳҳои ман дуруст мебуд, то ки фароизи Туро нигоҳ дорам!

6 Он гоҳ хиҷил нахоҳам шуд, вақте ки ба тамоми аҳкоми Ту назар андозам.

7 Туро бо ростии дил ҳамд хоҳам гуфт, вақте ки довариҳои одилонаи Туро таълим гирам.

8 Фароизи Туро нигоҳ хоҳам дошт; маро тамоман тарк накун.

9 Ба чӣ васила ҷавон роҳи худро покиза медорад? Бо нигоҳ доштани худ мувофиқи каломи Ту.

10 Бо тамоми дили худ толиби Ту шудаам; маро нагузор, ки саҳв карда, аз аҳкоми Ту сар тобам.

11 Сухани Туро дар дили худ ниҳон доштаам, то ки пеши Ту хато накунам.

12 Эй Худованд, Ту муборак ҳастӣ! Фароизи Худро ба ман таълим деҳ.

13 Ҳамаи довариҳои даҳони Туро бо лабҳои худ баён кардаам.

14 Дар роҳи шаҳодоти Ту хурсандам, чунон ки дар сарвати беҳтарин.

15 Дар бораи фармудҳои Ту фикру хаёл мекунам, ва ба роҳҳои Ту назар меандозам.

16 Аз фароизи Ту ҳаловат мебарам; каломи Туро фаромӯш нахоҳам кард.

17 Ба бандаи Худ таваҷҷӯҳ намо, то ки зинда монам ва каломи Туро нигоҳдорӣ кунам.

18 Чашмони маро воз кун, то ки аз Тавроти Ту корҳои аҷоибро бубинам.

19 Ман дар замин ғариб ҳастам; аҳкоми Худро аз ман пинҳон надор.

20 Ҷонам ба лаб омадааст аз орзуи он ки довариҳои Туро дар ҳар вақт бидонад.

21 Бадқасдони малъунро, ки аз аҳкоми Ту сар метобанд, итоб намудаӣ.

22 Маломат ва тамасхурро аз ман дафъ кун, зеро ки шаҳодоти Туро риоя намудаам.

23 Мирон низ нишаста, ба муқобили ман сухан меронанд; аммо бандаи Ту дар бораи фароизи Ту фикру хаёл мекунад.

24 Шаҳодоти Ту низ ҳаловати ман аст, машваратчиёни ман аст.

25 Ҷонам ба хок яксон шудааст; аз рӯи каломи Худ маро зинда гардон.

26 Роҳҳои худро баён кардаам, ва маро иҷобат намудаӣ; фароизи Худро ба ман таълим деҳ.

27 Тариқи фармудҳои Худро ба ман бифаҳмон, то ки дар бораи корҳои аҷоиби Ту фикру хаёл кунам.

28 Ҷонам аз андӯҳ об шудааст; аз рӯи каломи Худ маро қоим гардон.

29 Роҳи кизбро аз ман дур кун, ва шариати Худро ба ман ато фармо.

30 Тариқи ростиро баргузидаам; довариҳои Туро пеши назари худ мебинам.

31 Ба шаҳодоти Ту часпидаам; Худовандо, маро хиҷил накун.

32 Бо роҳи аҳкоми Ту хоҳам давид, зеро ки диламро фараҳ хоҳӣ бахшид.

33 Тариқи фароизи Худро, эй Худованд, ба ман нишон деҳ, то ки онро то ба охир пайравӣ намоям.

34 Маро фаҳм бибахш, то ки шариати Туро пайравӣ намоям, ва онро бо тамоми дил нигоҳдорӣ кунам.

35 Маро ба роҳи аҳкоми Худ ҳидоят намо, зеро ки онро хостаам.

36 Диламро ба шаҳодоти Худ моил гардон, ва на ба тамаъкорӣ.

37 Чашмонамро аз дидани чизҳои ҳеҷу пуч пешгирӣ намо; дар тариқи Худ маро зинда гардон.

38 Сухани Худро бо бандаи Худ, ки ба тарси Ту дода шудааст, иҷро намо.

39 Маломати маро, ки аз он метарсам, пешгирӣ намо, зеро ки довариҳои Ту некӯст.

40 Инак, фармудҳои Туро орзумандам; аз рӯи адолати Худ маро зинда гардон.

41 Бигзор эҳсонҳои Ту, эй Худованд, бар ман биёяд, ва наҷоти Ту мувофиқи сухани Ту,

42 То ки ба ҷавоби бадгӯи худ чизе гуфта тавонам, зеро ки ба каломи Ту таваккал кардаам.

43 Ва каломи ростиро аз даҳонам тамоман нагир; зеро ки ба довариҳои Ту умед бастаам;

44 Ва шариати Туро ҳамеша нигоҳдорӣ хоҳам кард то абад.

45 Дар вусъатобод роҳ хоҳам рафт, зеро ки фармудҳои Туро ҷӯё шудаам.

46 Дар бораи шаҳодоти Ту пеши подшоҳон сухан хоҳам ронд, ва ор нахоҳам дошт.

47 Ва аз аҳкоми Ту, ки дӯст медорам, ҳаловат хоҳам бурд.

48 Ва кафҳои худро сӯи аҳкоми Ту, ки дӯст медорам, хоҳам бардошт, ва дар бораи фароизи Ту фикру хаёл хоҳам кард.

49 Каломи Худро бо бандаи Худ ба ёд ор, ки ба василаи он маро умед бахшидаӣ.

50 Ин дар мусибатам тасаллои ман аст, зеро ки сухани Ту маро зинда гардонд.

51 Бадқасдон маро бисьёр тамасхур карданд; бо вуҷуди он аз шариати Ту сар натофтам.

52 Довариҳои қадимии Туро, эй Худованд, ба ёд меовардам, ва тасаллӣ меёфтам.

53 Оташинӣ маро дар бар мегирад аз шарироне ки шариати Туро тарк кардаанд.

54 Фароизи Ту сурудҳои ман буд дар ғарибистони ман.

55 Шабона исми Туро, эй Худованд, ба ёд меовардам, ва шариати Туро нигоҳдорӣ мекардам.

56 Он аз они ман гардидааст, зеро ки фармудҳои Туро риоя намудаам.

57 Худованд насибаи ман аст; гуфтам, ки каломи Туро нигоҳдорӣ кунам.

58 Марҳамати Туро бо тамоми дил илтиҷо кардаам: мувофиқи сухани Худ ба ман марҳамат намо.

59 Роҳҳоямро андешидаам, ва пойҳоямро сӯи шаҳодоти Ту баргардондаам.

60 Барои нигоҳдории аҳкоми Ту шитофтаам ва дер накардаам.

61 Камандҳои шарирон маро иҳота намуд; лекин шариати Туро фаромӯш накардам.

62 Нисфи шаб мехестам, то ки Туро ҳамд гӯям барои довариҳои одилонаи Ту.

63 Ман ба ҳамаи онҳое ки аз Ту метарсанд, рафиқ ҳастам; ва ба онҳое ки фармудҳои Туро нигоҳдорӣ мекунанд.

64 Аз эҳсони Ту, эй Худованд, замин пур аст; фароизи Худро ба ман таълим деҳ.

65 Ба бандаи Худ, эй Худованд, мувофиқи каломи Худ некӣ кардаӣ.

66 Ақли некӯ ва донишро ба ман таълим деҳ; зеро ки ба аҳкоми Ту имон овардаам.

67 Пеш аз он ки ба залолат афтам, ман саҳв менамудам; вале акнун сухани Туро нигоҳдорӣ мекунам.

68 Ту некӯ ва некӯкор ҳастӣ; фароизи Худро ба ман таълим деҳ.

69 Бадқасдон дар ҳаққи ман дурӯғ мебофанд; лекин ман бо тамоми дил фармудҳои Туро пайравӣ хоҳам кард.

70 Дили онҳо мисли дунба равған бастааст; лекин ман аз шариати Ту ҳаловат мебарам.

71 Барои ман некӯст, ки уқубат кашидаам, то ки фароизи Туро таълим гирам.

72 Барои ман шариати даҳони Ту беҳ аст аз ҳазорҳо тилло ва нуқра.

73 Дастҳои Ту маро офаридааст ва барпо кардааст; маро фаҳм бибахш, то ки аҳкоми Туро таълим гирам.

74 Тарсгорони Ту маро дида, шод хоҳанд шуд, зеро ки ба каломи Ту умед бастаам.

75 Медонам, эй Худованд, ки довариҳои Ту одилона аст; ва маро барҳақ уқубат додаӣ.

76 Пас, бигзор эҳсони Ту тасаллои ман гардад; мувофиқи сухани Ту бо бандаи Ту.

77 Бигзор марҳамати Ту бар ман биёяд, то ки зинда шавам; зеро ки шариати Ту ҳаловати ман аст.

78 Бигзор бадқасдон хиҷил шаванд, зеро ки ноҳақ ба ман ноинсофӣ карданд; аммо ман дар бораи фармудҳои Ту фикру хаёл мекунам.

79 Бигзор тарсгорони Ту сӯи ман баргарданд, ва шаҳодоти Туро бидонанд.

80 Бигзор дилам дар фароизи Ту комил бошад, то ки хиҷил нашавам.

81 Ҷонам барои наҷоти Ту хаста мешавад: ба каломи Ту умед бастаам.

82 Чашмонам барои сухани Ту хаста мешавад; мегӯям: «Кай маро тасаллӣ хоҳӣ дод?»

83 Зеро ки мисли машки дудхӯрда гардидаам; аммо фароизи Туро фаромӯш накардаам.

84 Чӣ қадар аст рӯзҳои бандаи Ту? Таъқибкунандагони маро кай доварӣ хоҳӣ кард?

85 Бадқасдон, ки ба шариати Ту мувофиқ нестанд, барои ман чоҳҳо канданд.

86 Тамоми аҳкоми Ту ҳақ асту рост; маро ноҳақ таъқиб мекунанд; ба ман ёварӣ намо.

87 Кам монда буд, ки дар замин кори маро тамом кунанд; валекин ман фармудҳои Туро тарк накардам.

88 Аз рӯи эҳсони Худ маро зинда гардон, то ки шаҳодати даҳони Туро нигоҳдорӣ кунам.

89 Каломи Ту, эй Худованд, то абад аст; дар осмонҳо қоим аст.

90 Садоқати Ту то абадуддаҳр аст; заминро офаридаӣ, ва он истодааст.

91 Мувофиқи дастурҳои Ту то имрӯз истодаанд; зеро ки ҳама бандаи Ту ҳастанд.

92 Агар шариати Ту ҳаловати ман намебуд, дар мусибати худ нобуд мешудам.

93 Фармудҳои Туро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард; зеро ки бо онҳо маро зинда гардондаӣ.

94 Ман аз они Ту ҳастам, маро наҷот деҳ; зеро ки фармудҳои Туро ҷӯё шудаам.

95 Шарирон маро поида гаштаанд, то ки маро нобуд кунанд; аммо ман шаҳодоти Туро муроқиба менамоям.

96 Барои ҳар камоле заволе дидаам; аммо аҳкоми Ту бағоят васеъ аст.

97 Шариати Туро чӣ сон дӯст медорам! Тамоми рӯз фикру хаёлам дар бораи он аст.

98 Аҳкоми Ту маро аз душманонам зиёдтар ҳикмат омӯхтааст; зеро ки он ҳамеша бо ман аст.

99 Аз ҳамаи муаллимони худ донотар шудаам; зеро ки фикру хаёлам дар бораи шаҳодоти Туст.

100 Аз пирон бомаърифаттар шудаам; зеро ки фармудҳои Туро риоя менамоям.

101 Аз ҳар гуна роҳи бад пойҳоямро боздоштаам, то ки каломи Туро нигоҳдорӣ кунам.

102 Аз дастурҳои Ту дур нашудаам, зеро ки Ту маро таълим медиҳӣ.

103 Чӣ ширин аст сухани Ту ба коми ман! Ва ба даҳонам аз асал ширинтар аст.

104 Аз фармудҳои Ту бомаърифат шудаам; бинобар ин аз ҳар гуна роҳи кизб нафрат дорам.

105 Каломи Ту чароғ аст барои поям; ва нур аст барои роҳам.

106 Қасам хӯрдаам ва онро ба ҷо хоҳам овард, ки довариҳои одилонаи Туро нигоҳдорӣ кунам.

107 Бисьёр ба залолат афтодаам; Худовандо, мувофиқи каломи Худ маро зинда гардон.

108 Ба ҳадияҳои даҳонам таваҷҷӯҳ намо, эй Худованд! Ва дастурҳои Худро ба ман таълим деҳ.

109 Ҷонам ҳамеша дар кафи ман аст; вале шариати Туро фаромӯш намекунам.

110 Шарирон барои ман дом ниҳодаанд; вале аз фармудҳои Ту дур нашудаам.

111 Шаҳодоти Туро то абад мероси худ кардаам; зеро ки онҳо хурсандии дили ман аст.

112 Диламро ба иҷрои фароизи Ту моил кардаам; ба сурати абадӣ, то ба охир.

113 Аз ҳардамхаёлон нафрат дорам; вале шариати Туро дӯст медорам.

114 Паноҳ ва сипари ман Ту ҳастӣ; ба каломи Ту умед бастаам.

115 Аз ман дур шавед, эй бадкешон! Аҳкоми Худои худро пайравӣ хоҳам кард.

116 Маро мувофиқи сухани Худ дастгирӣ намо, то ки зинда шавам; ва аз умедам хиҷил нагардон.

117 Ба ман ёварӣ намо, то ки наҷот ёбам; ва ҳамеша ба фароизи Ту назар дӯзам.

118 Ҳамаи онҳоеро, ки аз фароизи Ту дур шудаанд, вожгун кардаӣ; зеро ки найранги онҳо бефоида аст.

119 Ҳамаи шарирони заминро мисли занги оҳан тарошида нест мекунӣ; бинобар ин шаҳодоти Туро дӯст доштаам.

120 Аз тарси Ту мӯи баданам сих шудааст; ва аз довариҳои Ту метарсам.

121 Инсоф ва адолатро пеша кардаам; маро ба ситамгаронам таслим накун.

122 Бар нафъи бандаи Худ зомин шав, то ки бадқасдон ба ман ситам накунанд.

123 Чашмонам барои наҷоти Ту хаста мешавад, ва барои сухани адолати Ту.

124 Бо бандаи Худ аз рӯи эҳсони Худ амал намо, ва фароизи Худро ба ман таълим деҳ.

125 Ман бандаи Ту ҳастам; маро фаҳм бибахш, то ки шаҳодоти Туро дарк намоям.

126 Вақти он аст, ки Худованд амал кунад; шариати Туро поймол кардаанд.

127 Лекин ман аҳкоми Туро дӯст медорам, бештар аз тилло ва зари холис.

128 Бинобар ин ҳамаи фармудҳои Туро дар ҳар бобат рост мешуморам; аз ҳар роҳи кизб нафрат дорам.

129 Шаҳодоти Ту аҷоиб аст; бинобар ин ҷонам онҳоро риоя мекунад.

130 Оғози каломи Ту нур мепошад, соддадилонро фаҳм мебахшад.

131 Даҳонамро васеъ кушода нафас мегирам; зеро ки ташнаи аҳкоми Ту ҳастам.

132 Ба ман лутф ва марҳамат намо; чунон ки дӯстдорони исми Туро сазовор аст.

133 Қадамҳоямро дар сухани Худ устувор гардон; ва ҳеҷ бадиро нагузор, ки бар ман ҳукмрон шавад.

134 Маро аз ситами одамизод раҳоӣ деҳ, то ки фармудҳои Туро нигоҳдорӣ кунам.

135 Рӯи Худро ба бандаи Худ мунаввар намо, ва фароизи Худро ба ман таълим деҳ.

136 Ҷӯйборҳои об аз чашмонам равон аст, аз дасти онҳое ки шариати Туро нигоҳдорӣ намекунанд.

137 Ту, эй Худованд, одил ҳастӣ, ва довариҳои Ту ҳақ асту рост.

138 Шаҳодоти Худро бо адолат амр фармудаӣ, ва бо ростии мутлақ.

139 Рашки ман кори маро тамом кардааст, зеро ки адуёнам каломи Туро фаромӯш кардаанд.

140 Сухани Ту бағоят покиза аст, ва бандаи Ту онро дӯст медорад.

141 Ман хурд ва ҳақир ҳастам, аммо фармудҳои Туро фаромӯш накардаам.

142 Адолати Ту адолат аст то абад, ва шариати Ту ҳақ асту рост.

143 Тангӣ ва кулфат маро дарьёфтааст; аҳкоми Ту ҳаловати ман аст.

144 Адолати шаҳодоти Ту то абад аст; маро фаҳм бибахш, то ки зинда шавам.

145 Бо тамоми дил мехонам: маро иҷобат намо, эй Худованд, то ки фароизи Туро пайравӣ намоям.

146 Туро мехонам: маро наҷот деҳ, то ки шаҳодоти Туро нигоҳдорӣ кунам.

147 Пеш аз дамидани субҳ хеста, истиғоса мебарам; ба каломи Ту умед бастаам.

148 Чашмонам дар посҳои шаб кушода мешавад, то ки дар бораи сухани Ту фикру хаёл кунам.

149 Овози маро аз рӯи эҳсони Худ бишнав; Худовандо, аз рӯи инсофи Худ маро зинда гардон.

150 Шавқмандони фисқу фуҷур наздик омадаанд; онҳо аз шариати Ту дур ҳастанд.

151 Ту, эй Худованд, наздик ҳастӣ, ва тамоми аҳкоми Ту ҳақ асту рост.

152 Аз қадим шаҳодоти Туро донистаам, ки онҳоро ба сурати абадӣ буньёд кардаӣ.

153 Ба мусибатам назар кун ва маро раҳоӣ деҳ, зеро ки шариати Туро фаромӯш накардаам.

154 Доди маро бигир ва маро бираҳон; мувофиқи сухани Худ маро зинда гардон.

155 Аз шарирон наҷот дур аст, зеро ки толиби фароизи Ту нестанд.

156 Марҳаматҳои Ту бисьёр аст, эй Худованд; аз рӯи инсофи Худ маро зинда гардон.

157 Таъқибкунандагонам ва адуёнам бисьёранд; лекин аз шаҳодоти Ту сар натофтаам.

158 Хоинонро мебинам ва мутанаффир мешавам, чунки онҳо сухани Туро нигоҳдорӣ намекунанд.

159 Бубин, ки фармудҳои Туро дӯст медорам; Худовандо, аз рӯи эҳсони Худ маро зинда гардон.

160 Таҳкурсии каломи Ту ҳақ асту рост, ва ҳар доварии одилонаи Ту то абад аст.

161 Мирон маро бар абас таъқиб мекунанд; вале дилам аз каломи Ту метарсад.

162 Аз сухани Ту шодмонам, мисли касе ки ғанимати бисьёре ба даст оварда бошад.

163 Аз кизб кароҳат дорам ва мутанаффир мешавам; шариати Туро дӯст медорам.

164 Рӯзе ҳафт карат Туро мадҳ менамоям барои довариҳои одилонаи Ту.

165 Дӯстдорони шариати Ту осоиштагии зиёде доранд, ва чизе ба онҳо монеъ намешавад.

166 Ба наҷоти Ту, эй Худованд, умед бастаам, ва аҳкоми Туро иҷро мекунам.

167 Ҷонам шаҳодоти Туро нигоҳдорӣ мекунад; онҳоро бағоят дӯст медорам.

168 Фармудҳои Туро, ва шаҳодоти Туро нигоҳдорӣ мекунам, зеро ки ҳамаи роҳҳоям пеши назари Туст.

169 Бигзор тазаррӯи ман пеши Ту, эй Худованд, наздик шавад; мувофиқи каломи Худ маро фаҳм бибахш.

170 Бигзор истиғосаам пеши Ту бирасад; мувофиқи сухани Худ маро халосӣ деҳ.

171 Лабҳоям ҳамду санои Туро ифода хоҳад кард, вақте ки фароизи Худро ба ман таълим диҳӣ.

172 Забонам сухани Туро хоҳад сароид, зеро ки тамоми аҳкоми Ту адл аст.

173 Бигзор дасти Ту мададгори ман бошад, зеро ки фармудҳои Туро баргузидаам.

174 Орзуманди наҷоти Ту ҳастам, эй Худованд, ва шариати Ту ҳаловати ман аст.

175 Бигзор ҷонам зинда бошад, то ки Туро мадҳ кунад; ва довариҳои Ту ба ман мадад расонанд.

176 Мисли гӯсфанди гумшуда роҳро гум кардаам: бандаи Худро талаб кун, зеро ки аҳкоми Туро фаромӯш накардаам.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan