Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

Забур 115 - Китоби Муқаддас 1992 1999


ТАРОНАИ САДУ ПОНЗДАҲУМ Мамоти порсоён дар назари Худованд гарон аст.

1 Имон доштам, бинобар ин мегуфтам: «Ман бағоят уқубат кашидаам».

2 Ман дар маъюсии худ мегуфтам: «Ҳар одам козиб аст».

3 Ба Худованд чӣ подош диҳам барои ҳамаи некиҳое ки ба ман кардааст?

4 Косаи наҷотро хоҳам бардошт, ва исми Худовандро хоҳам хонд.

5 Назрҳоямро ба Худованд адо хоҳам кард, пеши тамоми қавми Ӯ.

6 Мамоти порсоёни Худованд дар назари Ӯ гарон аст.

7 Лутфан, эй Худованд, ман бандаи Ту ҳастам; ман бандаи Ту ва писари канизи Ту ҳастам; бандҳои маро кушодаӣ.

8 Барои Ту қурбонии шукронаро забҳ хоҳам кард, ва исми Худовандро хоҳам хонд.

9 Назрҳоямро ба Худованд адо хоҳам кард, пеши тамоми қавми Ӯ,

10 Дар саҳнҳои хонаи Худованд; андаруни ту, эй Ерусалим! Ҳалелуёҳ!

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan